четверг, 30 апреля 2009 г.

Дубайтахо

Азизи ман саломе доду бигзашт,
Ду барг аз эхтироме доду бигзашт.
Ба душам рехт бори гуссаашро,
Ки ишкамро давоме доду бигзашт.

Сухан ширест аз пистони шоир,
Наку накше зи ангуштони шоир.
Асири ишки он гулсатрхоям,
Ки худ парвардаи дастони шоир.

Дили ман ганчдони ганчи ишк аст,
Гили ман хушпазири ранчи ишк аст.
Хамин сират дар ин сахрои сурат
Навопардозу нозуксанчи ишк аст.

Мухаббат ифтихори ошикон аст,
Чу оташ дермиру даргирон аст.
Набошад хар саро машъалфурузон,
Мисоли ганч зеби ганчдон аст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий