суббота, 27 ноября 2010 г.

Ибтикори бехудй

Дар Нили ишқ мо зи нав татҳир мешавем,
Бо ибтикори бехудй таъмир мешавем.

Дунё агар ба дастамон бахшад иложро,
Бар зидди ноадолатиҳо тир мешавем.

Ойина чанд дар азоби фош гуфтан аст?
Миръоти паршикастаро тадбир мешавем.

Иблис агар ба пои кас роҳи хато кашад,
Дар пойи хатти фожеъа занжир мешавем.

Дигар ба жуз суроғи дил чизе нахостем,
Бар қалбҳои отифа тасхир мешавем.

Гумроҳ будаем агар дар жодаи Худо,
Аз нав ба жангали муҳаббат шер мешавем.

Ҳажм

Акси ман
дар ойина намеғунжад,
Мақсадамро бузург мебинам.

Гўри овоз

Биё, дар дастҳои ман дуо кор,
Нигоҳамро ба кўи шавқ бигзор.
Ба дарё гўр кун овози манро,
Ки бошад баҳри хомўшй беҳин дор.

среда, 24 ноября 2010 г.

ОИНА ОБИ КИСТ?

Ин ҳарфхои яхзада таъбири хоби кист?
Бенуру беҳарорати ишқ офтоби кист?

То ки суолномаи дилро кунад илож,
Мифтоҳи рўзгори ман ҳарфи жавоби кист?

Як илм баҳри кашфи ҳастй мекунад амал,
Аммо нахонда ҳеч кас, гў, дар китоби кист?

Ҳар дафъа як нафар ба авжи ишқ мерасад,
Ҳоло дар ишқи дўст фасли инқилоби кист?

Шаҳбозҳои фикри ман аз жоми осмон
Парвозро чашидаанд, оина оби кист?