четверг, 18 июня 2009 г.

Ифодаи минуй

Каломи ту
муаттар аз райҳони тасаввуф,
ки дар хобҳои сапеди хеш
дидорро
ба тозагй тасвир мекунй.
Соле, ки хоби хешро шустй
дар чашмаи ниё
поёни ғафлат буд.
Болои номи дуст
медўзй
ҳижои муҳаббатро
бо сўзани сукут,
инак, нигоҳи ту
пур аз гулдўзии хаёл.
Дар рўзномаи дилат
ҳар рўз зиндагй
бо диди шоирй
тафсир мешавад.
Ифода мекунй ирфонро
дар баргҳои минуй
ва роҳ мебарй
он жо
дар зери пўсти борон.

среда, 17 июня 2009 г.

Музди ишк

Кй музд медихад бар ман?
Ки тули умр ишк варзидам,
Ки рузгори хеш бо чакома пайвастам.
Сиришки ман ба чои борон буд,
Нигохи хешро шустам.

Ба чодахои орзу давидаам бо сар,
Ба куллахо расидаам танхо.
Ба мочарои зиндагй рафтам,
Лабрези хиссиёту бедорй.

Табиат ар музди бахор борон дод,
Китоб хам музди хондан илм,
Хамсоя музди сурудахо ба лулй як нон дод
Барои хотири шарифи Рузаи соим.

Чашме барои диданаш омода мешавад,
Дидорро надидаву шуда маътал,
Пое, ки рох меравад бар остони дуст,
Хобаш намебарад.

Дар синну сол ба чое расидаам,
Аз интизор ба навое расидаам.
Аммо бигу,
меърочи рангро
кучо ба хиное расидаам?

Ман музд мехохам
Бар чени ранчхо, ки аз дунё кашидаам.
Бар чени хар кадам, ки бо ният ниходаам.

Ман музди ишк аз боло талаб кунам,
Парвардигор хакки манро хам
Аз бонкхои рахмати худ мекунад равон.
З-он пас ба иктидор мерасам,
Ба сухбати бахор мерасам.