пятница, 10 апреля 2009 г.

Эй нонавиштахо

Дар ман шино кунед,
Эй нохудо маро,
Эй нонавиштахо,
Ман бо шумо ба океани тасвир меравам,
Ман бо шумо сафар кунам
то бахрхои ранг,
Наздик мекунад маро
анфоси сабзатон
бар бешахои нур,
Балки ба кучахои истеъдод мебарад.

Пажвокхои ман,
Эй нонавиштахо,
Хар як садоятон
набзи садокате
бар калби рузхост,
Хар китъаи вужуди ман
лабрез бо хаёхуи шумост.
Ин дастхо вагарна бекоранд,
В-ин чашмхо хавсалаи дидан
надоранд.

Шумо коикхои манед,
Дар холати шино,
Ва аксхои фарёдед,
Ки инъикосатонро мепоям,
Биёед ба коргохи калам,
Дохил шавед
ба зарфи калимахо.

Комментариев нет:

Отправить комментарий