четверг, 2 апреля 2009 г.

Хавзи гули ёс

Ман ба хар кучаи
ин шахри азим
ба хавас гардидам.
Чашмхо ойинабанд аз дидор,
Дастхо кофияи дасте гарм.
Дилрабое ба дилам
номи нигохаш бинавишт,
Ва хаёлам

ба хиёбони садокат мебурд,
Ин дилам гармии маъно хис кард.
Хастиям вакт
ба пархои кабутар бисупурд.
Хама жо миллати хуршед
ба лутфе саршор
бизанад харф ба хам,
Дил бихохад ба радифи
алафу долу дарахтон,
ба радифи хама ажзои табиат
хамаро гуш кунам.
Сухани нур ба шоми кари
хар сонияи халк

зарур!
Ман дар оинаи шахр
руи чиркини худамро дидам.
Боядо шуст ба собуни мухаббат

худро
ва ба шампуни тамаддун

хастии зиндагиро,
то бируяд гияхи нур ба симои башар.
Ман давоми сухани ахли ниёям

шояд,
ки забони торих
бинамояд такрор.
Дар дилам мавж занад
хисси ба хуршед расидан доим.
Хар сахар завки шукуфтан
зи дарунам

бинамояд харакат.
Гуиё жониби ман
Ёрманде зи Худо меояд.
Бинишинам сари хони ирфон,
лугати зиндагиву

хандасаи рози нажот омузам.
Ман ба хар одами ин шахр

салом овардам,
Ки дили жумла шавад

покиза аз барги «алайк».
Дустй, хамдилй

аз пиллаи ночорй ба берун ояд.
Чун таби барг нигах медоранд
оташи хавсала дар кураи сурх.
Чй хуб, ар калби кафомонда
ба як кукеро
ба хиёбони кушоиш бибарем,
то ки тумори саодат гирад.
Ман надонам, чй касам,
Бал чй кас будани ман нест мухим,
Он мухим аст, ки дар
ханжараи ойина равган бишавам,
Шеър гунжад ба гулуи тасвир.
Шахр жои хамагон,
Лек дар лаб хамаро

барги табассум набувад,
Иддае чиркинанд.
Иддае дигар: ру гарчй сиёх,
Аз дарун лек мусаффо
чун Билоли ориф.
Ман аз он меболам,
ки дар ин шахри ниёгон
зи фазову нами эхсос

нафас мегирам.
ва ба хар шарёнам
журъату хавсалаи масъудист.
Роххо печопеч,
Дар гулуи хар руз
устухони хайрат
вомондаст.
Лек мепиндорам,
ки пас аз тай шудани
фосила дар жодаи сабз,
кукхо

дар дили ман во бишаванд.
Пеш о, дуст,

тамошои тароват биравем,
Ки ба хавзи гули ёс афтодам.

Комментариев нет:

Отправить комментарий