понедельник, 21 июня 2010 г.

ХОБ ДИД

Чашмҳоям дилбареро хоб дид,
Сояи нилуфареро хоб дид.
Баски мижгон баста будам бо умед,
Жилваи пайғамбареро хоб дид.
Қалби ман, к-аз шаш жиҳат дар қуфл буд,
Рўбарўи худ дареро хоб дид.
Ин сафар аз ишқ зебо мешавад,
Хок борони тареро хоб дид.
Мебарояд рўи боми вожа шеър,
Нардбони дигареро хоб дид.
Килки мо чашм аз дарун во мекунад,
Осмони дафтареро хоб дид…