суббота, 11 апреля 2009 г.

Дар ойина

Дорам ниёзи пайкараи мох дидане,
Овои ишк аз дари дилхо шунидане.
Ойина дар баробари симои худ нихам,
Шояд бурун биёварад аз хеш чун мане.
Тобон шихоби ашкро бинам зи дасти хачр,
Оё бувад, ки пушад ин истора домане?
Ман оби нур бастаам дар хорзори шаб,
Аз пайки шодиёнаву аз атри гулшане.
Чун мавж дар сахифаи дил мекашад калам,
Дасти мухаббатофари махтоби рушане.
Рах меравам ба куштани сархайли гуссахо,
Ё Раб, ту хамрахам бикун зури Тахамтане.

Тазод
Зиндагй худ даври тахсил аст,
Мебиёмузанд дарси зистро
Толибони рохчу дар хар нафас.
Толибони навкадам,
Аммо басе рах карда тай
Дар хиёбонхои арзу Коинот.
Тахсилу таътил бо хам дар тазод,
Пас зи тахсили хаёт,
Пас зи дарси дар танури худшиносй сухтан,
Пас зи дарси машъали уммедро афрухтан,
Рузи таътил мерасад,
Таътиле, ки нест тахсил пас аз он,
Таътиле, ки марг меномандашон.

Комментариев нет:

Отправить комментарий