пятница, 27 марта 2009 г.

Газал

Дар оби дидаи мо гам хал намешад аз чй?
Хокистари мухаббат машъал намешад аз чй?
Дар жилди сабзи хотир тасвири гул шавад акс,
Чашме, ки хас намояд, ахвал намешад аз чй?
Андар киёси шабхо рузи фирок беш аст,
Як субхи мо зи шоме афзал намешад аз чй?
Дар рохи хушнигорй обилапо хаёлаш,
Хамдостони Бедил Туграл намешад аз чй?
Хар лахзаи накуе бо зудй гардад охир,
Поёни шодмонй аввал намешад аз чй?
Сар то ба пои Хусрав оташ гирифт аз ишк,
Чуби вужудаш, овах, манкал намешад аз чй?

четверг, 26 марта 2009 г.

Имшаб

Имшаб саманди ишкро инъоми ман кунед,
Пайрохахои печ-печ ин шом тай кунам.
Бар каф биёварам гуле аз боги орзу,
Наврузи хеш дар махи сармои дай кунам.

Имшаб хаёли хомро дар оташ афканед,
К-он пухтаву расидаву кони гухар шавад.
Нанг ояд аз кашокаши нафси ду оламе,
Бояд, ки шуълаи шужоат бештар шавад.

Имшаб, ки хоби зиндагй моро харом шуд,
Бедораму нигах рахи икбол мекунам.
Дархои касри ишкро бикшода бо хавас,
Рашку анои дахрро помол мекунам.

Дар иштиёк чун гадо дасти ниёзро
Бахри талоши косаи гамхо кушодаам.
Ё Раб, маро ба манзили уммед кай барй?
Шабдиз гашта лангу ман пои пиёдаам.

среда, 25 марта 2009 г.

Нашри рузномаи "Ховар"

Чанд муддат пеш дар вилояти Сурхондарё рузномаи наве таъсис гардид, ки "Ховар" ном дорад. Ин рузнома давоми мантикии рузномаи "Бохтар" мебошад, ки аз ин расо ду сол пеш фаъолият дошт. Рузномаи мазкур рузномаи фархангию адабй буда, аллакай се шумораи он дастраси хонандагон карор гирифт, ки шумораи охир рузи Иди Навруз чашн гардида, дар сахифа якум чун байтхои муборакбодй ин сатрхо чой доранд:
Аё мардум, ба Наврузат муборакбод мегуем,
Туро хона ба файзи он шавад обод мегуем.
Бароят як сабад табрик оварда бахорона,
Барори кори дехкониву хам эчод мегуем.
Рузнома дар мохе ду маротиба нашр мешавад, харчанд идораи он дар шахри Тирмиз бошад хам, вале имкони дар худуди Чумхурии Узбекистон пахн шуданро дорад ва дар шуморахои он матолиби чолиб аз хар вилояту навохии Узбекистон ба нашр мерасанд. Дар як сухбат сармухаррири он Олим Панчизода чунин иброз дошт: "Максад аз бунёди рузномаи "Ховар он аст, ки мо бояд дар рушди матбуоти точик дар Узбекистон сахмгузор бошем ва барои тахкими Истиклолият дар мамлакат, ки аз неъматхои бебахо барои мардуми диёр аст, хизмат намоем." Рузномаи "Ховар" бо теъдоди 3500 нусха ба нашр мерасад ва дар оянда умед аст, ки ниёзи маънавии муштариёни худро таъмин менамояд.
Нашри чунин рузномаи навбунёдро дер боз алокамандони он интизор буданд ва нихоят, аз дарё марворид ба каф омад.

воскресенье, 22 марта 2009 г.

Тарикат

Себу суфй як тарикат дошта,
Себ гохи сукр меояд ба хок,
Суфй хам чун пухт, руйи осмон афтад.

пятница, 20 марта 2009 г.

Газали Наврузи

Дори ба худ, ай рузи нав, муъчизахои Исави,
Алхак, ки ту рузе хуши, рузе дилафзову нави.
Аз буйи шавкафзои ту в-аз чилваи зебои ту
Дар руи дафтар омада "Аржанг"-хои Монави.
Дидам табиат мешавад зеботар аз ашки бахор,
Донистам аз гил сар зада таррешахое бо нави.
Дар мубтадои Фарвадин, гардида мехмони замин,
Кай хохамат берун шави, нагзорамат тозон рави.
Ай рузи пур аз иди ман, ай мавсими тавлиди ман,
Дар мулки таквим ин сафар ту хамчунон Кайхусрави.

четверг, 19 марта 2009 г.

Чоргонахо

Имруз тамоми роз дар интернет,
Посух ба дусад ниёз дар интернет.
Огохи чахон шудему огохи замон,
Гап чун кабати пиёз дар интернет.

Дарё, ба садои ту наояд хобам,
Ту ойинаву ман аз таби ишк обам.
Ин ашки маро ба мавчхоят омез,
То маънии иттиходро дарёбам.

Дар хар вараки чарида дидам хати шеър,
Гуё хама гашта гарк андар шати шеър.
Лекин зи алифи шеър хам огах не,
Омода шуда ба лоф дар навбати шеър.

Найранги замонаро намедонистем,
То ранги замонаро намедонистем.
Аз фосилаи дури хурофот хама
Фарханги замонаро намедонистем.

Дарвеши ишк

Ман яке дарвеши ишкам,
Не гадое, ки нишаста дар рахи бозорхост,
Не гадои мансабу амволу чох,
Балки ман тимсоли Иброхим Адхам,
Ё Чалолиддини Румиву Саной, Накшбанд
Дилгудозй, дилфурузй мекунам,
Бар дари ахли тарикат бар гадой меравам.
То дихандам ахгаре аз оташи дилхои худ,
То бигирам порае аз нури Вочиб ал-вучуд,
К-андар ин зулматсаро
пайрохахои хешро
Бо шуову гармии руи Худо
рушан кунам,
Пайкари худро
ба чохи иштиёки Дуст
чун Бежан кунам.
Ман яке дарвеши ишкам,
Манн яке дарвеши ишки лоязолй
Гар ба даст афтад чунин колои хуш
Аз кафи муршиди рох
Бо зари ихлос дузам,
бо хазорон накшкорй,
Хамчу Монй, хамчу Бехзоди мусаввир
бар бисоти хештан.
Гар зи дарё ногаµонй
бар каф ояд ин гухар,
Андаруни сандуки дил чой созам,
То саропои дилам аз нури он эхё шавад,
В-аз сафобахшияш
ин мурги дилам гуё шавад.