воскресенье, 5 июня 2011 г.

ҒАЗАЛИ МОДАР

Ба шоми рўзгори мо фурўғи дигарй, модар,
Таконбахши заминиву муҳаббатофарй, модар.

Баҳор аз файзи дидорат шукўҳи сабз мегирад,
Ба сони барги гул як умр зебову тарй, модар.

Ба чону дил намоям саъй, то лаҳни ту омўзам,
Ба гўшам "аллаҳо" гуфтй ба алфози дарй, модар.

Агарки дар замин мардум мақоматро намедонад,
Ба бурчи осмон аз ахтарон болотарй, модар.

Хаёли чумла фарзандон рабуда хоб аз чашмат,
Худо ҳофиз! Дили худро кучо ҳам мебарй, модар?

Давоми Сораву Ҳочар, давоми Марями покй,
Агар занро мақоме буд, ту пайғамбарй, модар.

Набахшам тори мўятро ба ганчу сарвати дунё,
Шабу рўзон дуогўй, зи чонам бартарй, модар.

Туй, ки ҳарфи Хусравро зи меҳрат ранг мебахшй,
Бароят як ғазал гуфтам, ки зеби дафтарй, модар.

суббота, 4 июня 2011 г.

ДУ БАРГ ЛАҲЗА

Дилам ту ром кардай ба рўи нуронй,
Ҳар он чи аз дилам гузашт, нек медонй.

Дар ин қиёми дай фақат муҳаббати ёр аст,
Ки ҳадя мекунад маро фурўғи тўлонй.

Супурдаам ҳаётро ба дасти як дилбар,
Ки медиҳад барои ман анори иймонй.

Чй суд аз ишқ, агар ба рўи коғазе монад?
Биёвар ин сафар ба ман муҳаббати жонй.

Бимон, ки бўса гирад аз лабони ту шеърам,
Агар ки дафъае ту аз эмайл мехонй.

Биё, ду барг лаҳзаро ба ишқ бояд шуст,
В-агарна жумла пушти вақт мешавад фонй.

четверг, 2 июня 2011 г.

ФАҚАТ ВОЖАИ ИШҚ

То сурати зебои туро менигарам,
Зулфони кажат кўчаи риндон бибарад.
Ду дида, ки лонаи нигоҳат бошад,
Баргашта маро ба боғи ирфон бибарад.

Ку ташнагии маро ба жуз лаъли ту об?
Як лаҳза биё, ки ёдат оғўш кунам.
Ку хастагии маро ба ғайри ту даво?
Бо ту ҳама дарду ғам фаромўш кунам.

Ман маст ба бўса мешавам, бо май на,
Худ кўзаи май маро лабонат бошад.
Ман ҳаст ба ишқ мешавам, бо зар на,
Жоне, ки фидо кунам, амонат бошад.

Эй кош, қалам шавам ба ангуштонат,
То сабт кунй ба дил фақат вожаи ишқ.
Ҳар субҳ, ки аз нур вузў месозй,
Боз аст ба дидори ту дарвозаи ишқ.

вторник, 8 марта 2011 г.

ШОИРИ «ОТАШСУХАН»

Муҳаммад бинни Бадриддин мулаққаб ба Жамолиддин Урфии Шерозй соли 1585 дар Шероз таваллуд ёфтааст. Дар ҳамин жо ба касби илм пардохта, аз илми мусиқй огоҳ мешавад ва дар хати насх маҳорат пайдо карда, ба шеъргўй мепардозад. Тахаллуси Урфиро ҳам дар ҳамин айём гирифтааст. Мегўянд, яке аз сабабҳои Шерозро тарк намудани Урфй дар бадани ў пайдо шудани «обилаи фаранг» мебошад, ки баъдтар сурати ўро зишт мегардонад ва аз сари ғурур Шерозро тарк намуда, ба Ҳиндустон рў меорад. Бинобар гуфтаи Тарҳии Шерозй ўро Жамолиддини Сайдй µам мегуфтаанд:

Аз обилаи фаранг, эй ҳамнафасон,
Дигар натавон Жамоли Сайдиро дид.

Урфй то синни бисту шашсолагй дар Ватани хеш монд ва дар шоирй шўҳрату овоза касб кард. Айёми камолоти жавонй ба Ҳиндустон рафта, соли 1612 аз роҳи бандари Жарун ба Дакан мерасад, аз он жо ба қароргоҳи Жалолиддин Акбаршоҳ рафта, дар он жо мақому манзалат пайдо мекунад. Аммо ин вақт шоҳ дар Кобул буду Урфй ногузир назди Файзии Даканй ворид гашт ва Файзй ўро бо ҳаким Масеҳуддин Абулфатҳи Гелонй шинос намуд ва Урфй баъди қасидае дар васфи ў сурудан муносибаташ бо ў гарм гардид. Аммо Абулфатҳи Гелонй соли 1619 вафот мекунад ва сабри марги мамдўҳ ба Урфй мушкил гардид.

Урфй 1621 дар шаҳри Лоҳур аз дунё дармегузарад. Жасадашро дар ҳамон жо дафн мекунанд, аммо баъд аз сє соли вафот жасади ўро бо ибтикори Мир Собири Исфаµонй ба шаµри Нажаф интиқол медиҳанд.
Ў аз зумраи он шоироне аст, ки дар осораш сабки ҳиндй обу ранги нав гирифтааст ва бо омехта кардани дигар сабкҳо ашъораш боиси қазовати аҳли адаб гардидаанд.

Урфй дорои девони ашъор аст, ки аз ғазалу қасидаву рубоиҳо фароҳам омадаанд, аммо ба ғайри он маснавиҳо боз ду маснавии дигар ҳам дорад. Тибқи иттилои муҳаққиқон ду манзумаи Низомии Ганжавй - «Махзан-ул асрор» ва «Хусрав ва Ширин»-ро истиқбол намудааст, ки яке «Мажмаъ-ул-абкор»(1400 байт) ном дошта, дигаре бо унвони «Фарҳод ва Ширин»(440 байт) машҳур аст. Ба жуз инҳо соқиномае ҳам ба ў нисбат дода мешавад. Дар наср низ рисолае дорад таҳти унвони «Насафия», ки дар мавзўи тасаввуф аст. Аз навиштаҳои худи шоир маълум мегардад, ки ў дар айёми жавонй ашъорашро дар ҳажми 6000 байт гум кардааст:

Умр дар шеър ба сар кардаву дарбохтаам,
Умри дарбохтаро бори дигар бохтаам.
Ал-аташ мезанад аз ташналабй ҳар мўям,
Ки қадаҳҳои пур аз хуни жигар бохтаам.
Расади шаръи ҳунар чун нашавад маҳв, ки ман
Шаш ҳазор ояти аҳкоми ҳунар бохтаам?

Урфй девони худро дар соли 1618 тартиб дод, аммо гирдоварии ниҳоии девон ба худи ў насиб накард. Шоир таърихи моддаи тартиб додани девони худро дар ин рубой фароµам сохтааст:

Ин турфа нукоти сеҳриву эъжозй,
Чун гашт мукаммал ба рақампардозй.
Мажмўъи тирози қудс таърихаш ёфт:
«Аввалдевони Урфии Шерозй».

ки аз мисраи чаҳорум ба ҳисоби абжад 996 ба даст меояд. Соли 996-ро ба солшумории милодй баргардонем, соли 1618 ҳосил мегардад.
Бинобар гуфтаҳо Урфй вопасин ашъори худро ба китобхонаи Мирзо Абдураҳим Хонхонон фиристод ва дархост кард, ки пас аз маргаш он девон танзим ва гирдоварй шавад. Пас бо дастгирии шоҳ аз жониби Муҳаммадқосим Исфаҳонии мутахаллис ба Сирож дар муддати яку ним сол, яъне дар соли 1648 девонаш тартиб дода шуд, ки 14000 байтро фаро мегирифт. Мулло Абдулбоқии Наҳовандй баъд аз соли 1650 дебочае бар ин куллиёт навишт, ки дорои эътибори баланди адабй буд.

Урфй хеле шоири боғурур будааст, ки ин хислат боиси аз ў дур шудани ҳампешаву ҳамфикронаш мегардад. Аммо нуктаи муҳим ин аст, ки худи шоир ба ин иллати равонии худ тан мегирад:

Доди як шаҳр зи Урфй биситон, к-ин мағрур
Кибру нозаш на ба андозаи қадр асту маҳал.

Аз байти зери Соиб маълум мешавад, ки Урфй дар замони зиндагонии худ аз гурўҳи шоирони пешқадам ва пуртавон шинохта шудааст:

Дар сухан аз Урфиву Толиб надорад кўтаҳй,
Айби Соиб ин бувад, к-аз жумлаи аслоф нест.

Мавсуф то акнун миёни аҳли шеъру адабиёт чун «шоири оташсухан» эътироф мегардад. Нисбати Урфй ва эжодиёти ў Аллома Иқбол баҳои баланд додааст. Ў бо фикрҳои пешқадамонаи худ дар байни шоирони дигар мутамойиз аст.

Бо вужуди он ки Урфиро шоире мағрур мепиндоранд, боз ҳам нуктаҳои муҳµиме дар мавриди ахлоқу фазилатҳои шоистаи ў вужуд дорад, аз жумла Мир Тақиуддини Кошй гўяд:

«Жамоъате, ки ўро дидаанд ва ба сўҳбати ў расида, мегўянд марде хуштабъ ва зарофатдўст буд, бо вужуди худройи... бо мустаъидон ва шуъарои замон дар ҳини мулоқот дақиқае аз дақоиқи хуштабъй фурў гузошта наменамуд ва латоифе, ки миёни ў ва шуарои диёри Ҳинд, хусусан, Шайх Абулфайзи Файзй ва дигар касон гузашта, дар миёни хуштабъон машҳур аст.»

Урфй ғазалро аз қасида боло мегузорад ва гуфтаҳои худи ў жавоб ба онҳое аст, ки ғазалҳои шоирро нодида мегиранд:

Қасида кори ҳаваспешагон бувад, Урфй,
Ту аз қабилаи ишқй, вазифаат ғазал аст.

Озодандешй дар ашъори Урфй мавқеи жудогона дорад ва маҳз ҳамин вижагии ашъори ў боиси маҳбубият пайдо кардани ғазалµояш дар байни мардум гаштааст. Бубинед шоир чй гуна ақидае дорад:

Гирифтам он ки биҳиштам диҳанд бе тоат,
Қабул кардану рафтан на шарти инсоф аст.

ва ё:

Ажри дардам дар лаҳад бикшуд дарҳои биҳишт,
В-аз наъими дарди ишқат дўзахошомам ҳанўз.

Ин гуна афкори озодандешонаро дар осори шоир бисёр жо дучор омадан мумкин аст, ки далели мубориз будани муаллифи онҳо мебошад.

Ниҳоятан, Урфии Шерозй яке аз шоирони пешқадами адабиёт буда, дар миёни шоирони аҳди худ жой ва мақоми алоҳидае дорад.

суббота, 5 марта 2011 г.

ЗАН

Зебоии олам аст дар пайкари зан,
Дар дил бишавад муким нози тари зан.

Бар сурати у бахор мебандад ишк,
Дуздида чу иншои гул аз дафтари зан...

Какнус бишавад, хеш бисузад бо гам,
Руида хама башар зи хокистари зан.