воскресенье, 3 мая 2009 г.

ЖУРНАЛИСТ

Журналист барои мардум зиндагй мекунад.
Журналист, чояш ояд, аз худ мегузарад, то аз хакикат дифоъ намояд.
Журналист шояд махсус барои ошкорбаёнй офарида шудааст.
Журналист хамеша тайёр аст дар рохи вокеънигорй курбон шавад, марг барои у манбаи тарс нест.

Журналистй худ як шарафи бузург аст. Хисси масъулият нисбати касби худ намегузорад, бо вучуди душворихо ин кабил одамон аз каламкашй даст кашанд.

У бо калами чанд тинаи худ кор мебарад. Бо хамин васила метавонад дунёро дар тахлука гузорад, зеро ба гуфтану навиштани сухан кодир аст. Роххои истифодабарии онро хуб медонад. Дигарон барои пул чон кананд, у барои хакикат чонбозй менамояд. Хадафаш ин аст, ки каме хам бошад, мардумро бо хакикат шинос намояд.

Шиносномаи журналист: харакати мунтазам, гурури баланди худшиносº ва изтироби р´µº мебошад. Качу килебхои рузгорро убур карда, ба кавли худ устувор мемонад. Мехохад чомеаи имрузро бидуни ришваву дуруг бинад, вале хайхот! Чамъият бо хаминхо сиришта шудааст.

Агар барои як журналисти вокей даххо хайкал гузоранд, кам аст, зеро у курбони хакикат мебошад. Хар кучо дар хар чизе хира мешавад, то поёни як ходиса расидан кофтукоб хохад кард. Гохо дар гирди як факт хайма мезанад, то хакикатро пайдо намояд.

Журналистй як навъ масъулияте хаст, ки замон ба души инсонхои рушанфикр вогузор кардааст. Хар соле садхо журналист зиндон мешавад, садхо журналист чоми шаходат менушад. Тахти онро кобед, хеч яке аз онхо барои манфиати худ кор накарда, балки ба хотири озодандешй ва чилави суханро сар додан маргро истикбол мекунад. Хар каламкаше бояд чилави суханро дар ихти±р дошта бошад, вагарна «забони сурх сари сабз медихад ба бод.»

Хар касе калам мебардорад, бояд хадафаш химояи халку Ватан бошад, дар акси хол хакикатро поймол хохад кард. Калам он чизеро менигорад, ки дар зехни сохибаш падид ояд. Барои хамин харгиз гунохи калам нест, балки гунохи сохибкалам аст, ки нодуруст менигорад. У бояд пеш аз каламро тарошидан аклу мафкураи худро тарошидаву ранда намояд ва бидонад, ки ба чй хотир сахфа сиёх хохад кард.

Пеш аз хама манфиати Ватанро дар назар бояд дошт. Журналист дар зинаи нахуст дар рухияи ватанпарастй калам бардоштанаш хатмист. Дар партави он баъд масоили дигар халли худро меёбанд. Ба ходисахо дуруст бахо додан аз шартхои касби журналистº аст.

Барои журналисти вокеънигор будан пеш аз хама дар мактаби ха±т бояд саба³ гирифт. Хаёт худ мегуяд, чиро навис, чй гуна навис ва барои чй навис!

Баъзан одамон ба матбуот бовар надоранд (агар он заминаи вокей дошта бошад), аммо ба фол бовар доранд, хол он ки барои як фактро аник кардан журналист рузхо, хафтахо, моххо ва хатто лозим шавад, солхо чусутчу мекунад, тахкикот мебарад.

Агар калам бидуни гаразу манфиатчуии шахсе алохида, танхо ба хотири халку Ватани худ ва ободиву озодии он нигошта, роххои ислохоти демократиро хакконй нишон дода тавонад, хеч гох сохиби он бе пушту панох ва дар таъкибу тахдид намемонад. Дар пешрафти хаёти ичтимоии хар давлат «хокимияти чорум» накши муассир дорад. Барои баланд бардоштани «иммунитети мафкуравй» роли журналистон багоят калон мебошад.

Журналистй хунар аст, махорат аст, он ки харфи дилашро руи когаз оварда метавонад, якин, ки аз истеъдоди фитрй бархурдор аст. Аммо ин хануз далели журналист будан нест. Калами худро бояд сайкал дод, то кунд нашавад, то фахмо нависад ва вокеиятро нуктабинона баён созад.

Дониши мукаммал, зиракй, мушохидакорй, харакати мунтазам, часорату гайрат, ташаббускорй метавонад барои ба чомеа зухур кардани ЖУРНАЛИСТ ба маънои томаш мусоидат намояд.
Онхо хеч гох рубинй намекунанд ва айнан, бо хамин хислат дар байни халк имтиёз доранд. Хеч журналисти солимакл даъвои курсй надорад, балки вазифааш ин аст, ки бояд аз минбари матбуот хама чизро ошкоро гуяд.

Журналист барои хар як чумлаи гуфтаву хар сатри навиштаи худ чавобгар аст. Барои хамин огохона, мушикофона ва дидаву санчида калам задан аз унсурхои мухими кори у мебошад.

Хар соле 3 май - Рузи озодии матбуот дар микёси дунё ба таври тантанавй чашн гирифта мешавад. Ягона орзуи мо ин аст, ки минбаъд шумори катли журналистон дар сатхи чахон кам шавад. Зеро хама барои озодии баён бо зиндагй падруд мекунанд.

Зинда бод, сухан!
Зинда бод, калам!
Зинда бод, озодии баён!