воскресенье, 14 февраля 2010 г.

Иди ишку ошикон

Чанд вакт аз ин мукаддам
Духтареро дида будам,
Фикрхояшро якояк
бо забони ишк мекард у баён,
Духтаре дар рущанй махтоб буд,
Ташнагиямро ба чои об буд.
Ман, ки аслан дидани дидор рафтам
назди у то дарсхона.
Лек рози дил нухуфтам,
Андар он соат маро шояд
аз он набзи кадам хис карда буд,
яъне дар дил муддао чист?
Бахри ман лабханд оварду дуруд.
"Омадй"-гуфто,-"муборак бод иди ошикон,
Орзу дорам туро ишки гуле чун ман дигар надхад амон".
Аз хамон дам ин тараф, шояд аз он хам пештар,
ман бандаи султони ишк,
Гар наорам ёд уро, мегазад дандони ишк.
Хуб медонам, барои диданаш
хобро табдил медодам ба субх,
Рузро кураш намудам ман ба нохуни хаёл,
То ки пеш ояд висол.
Дилбаре танноз буд у
Мекунам акнун ба дидораш ручу,
Лек деворест байни ман ва у
Канданаш набвад худ осон.
Нашнавад аммо дилам аз ман фасона,
Чун фиреби дил мухол аст.
Бо лабаш чун таъми тунди байтхоро мечашид,
Суи худ лабхош чун оханрабое мекашид.
Ёд орам, з-он дакоик,
Дар дилам исторае тобон шавад,
Ашкхояш дар нигохам сураи борон шавад.

Эй фаришта,
ёд аз он шеъри дар борон навишта,
ох, аз он тори зулфони бурида,
Шояд андар байнашон тори мухаббат низ буд,
Шояд андар байнашон тори висолат низ буд,
Ки ба дасти хеш микрозе задам.
Васфи ту бо килк орам руи дафтар,
Лек худ н-ой ба наздам бори дигар,
Лек донам шеърхоям дар барат доим,
Дустдори пайкарат доим,
Гох мегириву механдй,
Гох мехониву мегирйи,
Ин мабодо,
ин мабодо, ки бипушам
бе чамолат чашми худ.
Иди ишк аст, аз мани ошик дуруд!

пятница, 12 февраля 2010 г.

Пеша

Дар дилам хавсалаи парвоз аст,
Рубаруям дари дафтар боз аст.
Шоирй пешаи ман шуд охир,
Шеър, яъне сухани мумтоз аст.
Бибарам бори таманно бар душ,
Бихарам харфи алиф огоз аст.
Кучахо хуб маро медонанд,
Кучахо вокифи чандин роз аст.
Баргхо гашта муриди борон,
Дар лабаш сураи беовоз аст.
Эй кабутар, ту маро мешунавй?
Каламамро пари ту устоз аст.