пятница, 24 декабря 2010 г.

ЗАВОЛ

Зебой мисли хобест,ки
дар чашме фуруд меояд,
пас аз чашидани қаҳваи пирй
зоил хоҳад шуд.

воскресенье, 19 декабря 2010 г.

Бо "Ҳарири барф"

Шоир будан кори саҳл нест. Аз инсон масъулият, матон;ат ва нуктасанжиро талаб мекунад. Файз Маҳмуд аз зумраи шоиронест, ки ин се шартро хуб ба жо оварда, ба қадри ҳар вожа мерасад ва ба шеър эҳтироме баланд қоил аст. Огоҳй аз адабиёти араб, рус ва форсии тожикй ба шеърҳои ў баржастагие дигарро зам кардаанд. Дар баробари шеърҳои форсии тожикй ашъори арабиву русии ў низ кам нестанд. Шеърҳояш дорои таркиб ва мўҳтавои зебо мебошад. Бинобар фаро расидани фасли дай ва боридани нуқраи сапед, ки табиатро боз ҳам зебову хушнамуд мегардонад, хостем, як шеърро аз ин шоир, ки "Ҳарири барф" ном дораду хеле самимй суруда шудааст, ин жо нақл намоем:

Ҳарири барф

Барф меборад ба рўи барфии ту,
Барф меборад ба мўи барфии ман.
Барф андар барф мерезад,
Барф андар барф мерезад.

Осиёи чарх имшаб тунд гардон аст,
Дашт ором аст.
Гўё хобжои нарми қувон аст.
Бар рухат парвезани дай барф мерезад,
Бар сарам парвезани дай барф мерезад.
Барф андар барф мерезад,
Барф андар барф мерезад.

Шаб либосашро дигар кардаст,
Чодари зулмотро аз тан бадар кардаст.
Куртаи испеди идиро ба бар кардаст.
Барфи андомат ҳарири барф пўшидаст,
Барфи дандонат ба рўи барф хандидаст.
Барф гўй барф пўшидаст,
Барф рўи барф хандидаст.

Бин, чй сон паҳно сафед аст,
Бин, чй сон дунё сафед аст.
Паҳнаҳои қалбҳои мо сафед аст.
Ростй, ид аст имшаб,
Иди испедии дай бар зулмати шаб.
Иди паҳно,
Иди дунёст,
Дар хаёлам имшаб иди ҳардуи мост.

Дар бари симини саҳро
Мегушой ту бари симини худро.
Бо бару дўши намозй
Мекунй бо барф бозй.
Барф бозй мекунад бо Барф,
Барфбозй мекунад бо барф.

Шўхтар бозй кун, эй гулдухтари барф,
Дар бару дўши ману дўшу бари барф.
Бар сари барфи ман овез аз сари барф,
То биороем зери чодари барф.