среда, 23 октября 2013 г.

Аллома

                                                                                                
                         
Мӯсафеде дар як деҳаи дурдаст ба дӯши худ кӯлбори вазнинеро бо машаққати тамом бардошта мебурд. Дар роҳ чанд нафар аз ӯ мепурсанд, ки дар ин халта чӣ дорӣ? Ӯ ҷавоб медиҳад: Бори дунё.
Як нафар дар асри ХХ ба кулли мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ нигоҳ накарда, «бори адабиёт»-ро ба дӯш гирифта, то ҷои лозим бурда расонд, ки бидуни шак ин шахси серғайрат ва чолок устод Садриддин Саидмуродхоҷа Айнӣ мебошад. Ва фикр мекунам, ин бори Айнӣ ҳамон бори дун±и андеша мебошад, ки дар қи±с ҳарду тахминан як борро мебурданд, яъне бори тафаккури инсон.
Ё дар ҳар даврае як доҳӣ зуҳур мекунад ва барои халқ чун раҳнамо хидматҳои худро ба анҷом мерасонад. Дар қатори беҳтарин намояндагони адабиёти дунё мисли Фридрих Нитше, Жон Пул Сортр, Робиндронат Такур, Тоҳо Ҳусайн, Луи Арагон ва дигарон номи Садриддин Айниро ҳам бо ифтихор ба забон овардан мумкин аст, ки маҳз, ба воситаи эҷодиёти худ фарҳанги миллии моро дар перояи нав ба ҷаҳониён шиносонид. Мавсуф дар эҷоди асарҳои бадеӣ ва илмӣ-адабӣ истеъдоди фавқулоддае дошт, ки инро аз мутолиаи осори ӯ амиқтар мушоҳида кардан мумкин аст. Дар соҳаи назму наср аз овони дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил кардан дастовард дошт, аз ҷумла назми ӯ бештар ба назар мерасид, ки Садри Зиё бо сатрҳои зерин вайро тавсиф намудааст:
Ба назму ба насри сухан довар аст,
Вале назмаш аз насри ӯ хуштар аст.
Дар яке аз навиштаҳои худ Устод Айнӣ таъкид мекунад, ки чорчӯбаи назм ба ман тангӣ карду ба наср гузаштам, албатта, ин сухани хоксоронае беш нест. Аз ҷониби дигар маълум буд, ки барои тасвири ҳаёти воқеии мардум танҳо шеър кифоят намекард ва бадеияти шеър садде барои баёни васеътари мазомини иҷтимоии даврони зиндагии муаллиф мешуд. Ба ин боис бештар ба навиштани осори насрӣ таваҷҷӯҳ намуд. Медонист, ки барои ифода кардани мавзӯъҳои талаби давр дар назм ҳамроҳаш «шоири ҷаррор»-Абулқосими Лоҳутӣ ҳаст, аммо майдони наср баъд аз Аҳмади Дониш холӣ менамояд. Бо вуҷуди ин, шеъри «Марши ҳуррият», ки соли 1918 эҷод шуда буд, аввалин намунаи шеъри навин дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ эътироф шудааст. Нимо Юшиҷ бошад, пас аз 4 сол, яъне соли 1922 манзумаи «Афсона»-ро, ки намунаи аввалини шеъри нави форсӣ медонанд, эҷод карда буд.
Садриддин Айнӣ на ба танҳоӣ, балки бо тарбияи як зумра шогирдон дар равияи назму наср ва нақди адабӣ бори адабиётро дар солҳои 30-40 ба пеш бурд. Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Раҳим Ҳошим, Абдусалом Деҳотӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ Расул Ҳодизода, Тӯрақул Зеҳнӣ ва чанде дигарон ҳама парвардагони мактаби адабии ӯ ба ҳисоб мераванд, ки бо маслиҳату пешниҳодҳои Айнӣ дар эҷоди осори худ даст зада, адабиёти навини тоҷикро инкишоф ва такомул доданд. Устод Айнӣ чун намунаи «хиради халқ»(таъбири Хуршеда Отахонова) дар миёни аҳли адабу фарҳанги миллии мо шинохта шудааст.
Ба далели он ки Айнӣ ниҳоят шахси гарму сардии рӯзгорро дидаву бо пастиу баландии ҳаёт шинос буд, бо адабиёт ҳам эҳтиёткорона муносибат дошт ва барои некро аз баду коҳро аз дон ҷудо кардан ба худбиниву саросемагӣ роҳ надодааст. Бори адабиётро дар тӯли зиндагии рангорангу пур аз тазоди худ ҷасоратмандона то наслҳои нав оварда расонд, ки имрӯз ҳар як зиёӣ бо ин алломаи тамаддуни Шарқ ифтихор дорад. Ҳангоми барҳаёт будан дар мавриди осори С. Айнӣ хеле кам мавод ба нашр расидааст, яке аз сабабҳои ин ҳам бо фурӯтанӣ ба ин кор роҳ надодани худи ӯст.
Дар давраи Аморати Бухоро соли 1917 Айниро барои дарра задан ба назди остонаи арки амир меоранд, ки Тӯрақул Зеҳнӣ дар он ҷо ҳозир будааст. Ӯ нақл мекунад: «Як вақт як бағал таёқи сафеди зарангро ба рӯи тахтапул оварда партофтанд. Аз паси он ситамдидаеро кашон-кашон оварда, як одами ғӯл ба пушташ бардошту тахтапушташро луч карда, ду кас бо таёқи сафеди заранг мувофиқи амри фармондеҳе ба задан сар карданд, чун «бир» мегуфт, ду кас яктогӣ мезаданд, вақте ки «икки» мегуфт, боз он ду кас яктогӣ мезаданд, яъне ба ҳар шумора ду бор мезаданд. Охир ба 75 расид ва таёқхӯрдаро бурданд.» Ин нуктаҳо нишон медиҳад, ки амир барои роҳ надодан ба ташвиқоти ҷадидҳо аввал Айниро ба зери зулму истибдод мегирад. С. Айнӣ чунон иродаи мустаҳкаме доштааст, ки баъди додарашро куштан ва ба ҷисми худаш латма задан ҳам аз роҳу андешаи худ намегардад.
Бухоро зодгоҳи Айнӣ мебошад, барои ҳамин тасвири он дар осори ӯ бештар эҳсос мегардад. Охирон сафари С. Айнӣ ба Бухоро соли 1949 ҳамроҳи Ҷ. Икромӣ ва С. Улуғзода барои ҷамъ кардани маводи «Ёддоштҳо» сурат гирифтааст.
Намояндаи адабиёти туркман Бердӣ Карбобоев ҳам таъсири осори устодро дар адабиёти сарзамини Мовароуннаҳр одилона эътироф намуда буд: «Айнӣ фақат падар ва устоди адабиёти ... тоҷик набуда, балки падар ва устоди ҳамаи адабиётҳои Осиёи Марказӣ мебошад.»
Чингиз Айтматов дар бораи Айнӣ навиштааст: Дар мавҷҳои таърих халқро нишон додан аз ракурсҳои Айнӣ мебошад. Айнӣ асарҳои хурду калони аҷоиб бисёр дорад, ман мутолиакунандагонро барои шинос шудан бо қиссаи ҳаҷвии ӯ  «Марги судхӯр» даъват мекунам. Дар он ҷозибаи ниҳоят зиёд мавҷуд аст.
Умедворам, ки ба ин санъаткорони сухан (Садриддин Айнӣ ва Мухтор Авезов - Х.Ҳ.) муроҷиат карданро мутолиакунандагон аз ман ибрат мегиранд.» Аз ин гуфтаҳо бараъло аён мешавад, ки Ч. Айтматов ҳам ба хотири услуб ва мазмуни бой доштан ба осори Айнӣ муроҷат мекардааст.
Донишманди Афғонистон Сарвари Гӯё, ки соли 1945 бо устод Айнӣ вохӯрдааст, дар як асари худ менависад: «Ман одамеро, ки ба Айнӣ баробар шуда тавонад, надидаам.» 
Барои пешрафти насри реалии Айнӣ таъсири М. Горкӣ хеле назаррас аст. Инро худи устод низ эътироф кардааст. Бо вуҷуди забони русиро хуб надонистан асарҳои Горкийро дастрас намуда, бо мулоҳиза дида мебарояд. Аммо С. Айнӣ афсӯс мехӯрад, ки бо ин нависандаи пешқадам дер шинос шудааст. Ба таъбири М. Турсунзода яке аз сабабҳои хонданӣ буданӣ асарҳои устод Айнӣ ин «ҳар доим бар машаққати нависандагӣ ғолиб омадан»-и ӯ мебошад.
Таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» кори қаҳрамононаи Айниро дар роҳи худшиносии миллии мардуми Варорӯд нишон медиҳад ва далели зиракиву мавқеъшиносии ӯст.
Корҳои тадқиқотии ӯ дар мавриди Устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Саъдии Шерозӣ, Зайниддин Восифӣ, Алишер Навоӣ ва Мирзо Бедил нишон медиҳад, ки дар адабиётшиносии тоҷик хиштҳои аввалинро гузошта, садҳо нафарро ба ин ҷода дар овони зиндагӣ раҳнамо будааст.
Устод Айнӣ тарҷумаи ҳоли худро дар шакли «Ёддоштҳо» (солҳои 1949-1951) таълиф кард, ки он аз 4 ҷилд иборат буд, аммо то 4-5 соли аввали асри ХХ-ро фаро мегирифту халос. Яъне, умр вафо накард, то ба шакли мукаммал воқеаҳои таърихии худ дидаву шунидаро барои пасояндагон навишта ба итмом расонад.
Имрӯз баъзе аз муҳаққиқон кӯшидаанд, ки симову қиёфа ва характерҳои Устодро ба воситаи асарҳои худи ӯ тадқиқ намуда, пешкаши умум гардонанд. Вале то ҳанӯз ин кӯшишҳо ба таври бояду шояд анҷом нагирифтааст.
Яке аз донишмандони барҷастаи адабиёти ӯзбек Иброҳим Ҳаққул дар мақолае, ки зери унвони «Устод» ба нашр расондааст, аз устод Айнӣ бо эҳтиром ёд карда, мавқеъ ва нақши ӯро дар адабиёти ӯзбек алоҳида зикр карда мегузарад. Ба гуфтаи И. Ҳаққул устод Айнӣ барои аз ҷанг баргардонда, ба шоҳроҳи адабиёт сафарбар кардани намояндаи адабиёти ӯзбек Абдулло Қаҳҳор хидмати босазое кардааст. Ҳанӯз осори Айнӣ ба таври бояду шояд тадқиқ нагардидааст ва дар ин маврид саҳлангорӣ кардани зиёиён як падидаи қафомонии адабиёт шуданаш аз эҳтимол дур нест.
Садриддин Айнӣ чун Аллома Иқболу Аблуқосими Лоҳутӣ барои бедориву огоҳии мардуми Шарқ  асарҳои гаронбаҳояшро таълиф намуда, имрӯз чун ситорае дурахшон дар осмони фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ барои парокандасозии зулмати ҷаҳлу заъфи ҷомеа шуо меафканад. Банда бар он фикрам, ки устод Айниро на танҳо дар доираҳои танг, балки дар доираи васеи тамаддуни мардуми форс-тоҷик аллома намудан авлост. Зеро асарҳои гаронбаҳояш дар ҷабҳаҳои гуногун собит менамояд, ки бидуни шак, ӯ алломаи тамаддуни мо дар охири асри Х1Х ва марҳилаи аввали асри ХХ мебошад. Аввалин касе ҳам, ки ӯро аллома ном бурдааст, Саид Нафисӣ буд.

понедельник, 21 октября 2013 г.

ПЕРОМУНИ ЯК БАЙТ



Гар муриди роҳи ишқӣ, фикри бадномӣ макун,
Шайх Санъон хирқа раҳни хонаи хаммор дошт.
Байти боло аз ғазалест, ки бо мисраи «Булбуле барги гуле хушранг дар минқор дошт»  оғоз мегардад.
Хоҷа Ҳофиз (1321-1389) аз ҷумлаи ҳафт тан шоирони беҳтарини адабиёти форсии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад, ки «ба афсуни сухан аз найи килк ҳама қанду шакар меборад» ва бинобар таъкиди Аннимарие Шиммел «Девон»-и ӯ дар асрҳои гузашта дар қатори се китоби бузурги дигар (Қуръон, «Маснавӣ», «Шоҳнома») дар хонаводаи ҳар як шахси соҳибмаърифат ба таври доимӣ нигоҳ дошта мешуд.
Ба далели он ки Хоҷа донишу ҷаҳонбинии густурдаеро соҳиб буд ва аз муҳаққиқони вораста ҳисоб мешуду Қуръонро ба чаҳордаҳ ривоят медонист, ашъораш дарунмояи хеле қавӣ дошт. Яке аз хусусиятҳои умдаи ашъори ӯ духӯрагии маъност (маъноҳои маҷозӣ ва ҳақиқӣ), ки ҳар як аъзои қишри ҷомеа лоиқи тавону истеъдоди худ аз он баҳраманд мешавад. Аммо сарфаҳм рафтан ба маъонии ҳақиқии ашъори шоир аз ҳар як хонанда фаҳми маонии душвору нуктаҳои пурмағзи фалсафиву ирфониро талаб мекунад.
Хоҷа дар ғазалҳои худ дар истифодаи санъати талмеҳ дар қатори санъатҳои бадеии ташбеҳ, истиора, маҷоз, тазод дасти тамом доштааст, ки корбасти онҳо ба таъсирнокии сухан меафзояд. Ӯ дар мавриди лозим бештар ба қиссаҳои қуръонӣ, саргузашти машоих ва асотири халқҳои гуногун талмеҳ мезанад.
Талмеҳ дар истилоҳи адабиётшиносӣ ба сифати санъати бадеие шинохта шудааст, ки шоир ҳангоми баёни фикри худ ба як ё чанд калимаи ягон қисса, зарбулмасал ё ҳикмат ишора мекунад. Дар байти мавриди назар ибораи «Шайх Санъон» ба сифати талмеҳ истифода гардидааст, ки саргузашти Шайх Санъонро ба зеҳни хонанда мерасонад. Пеш аз он ки ба талмеҳи мазкур истода гузарем, ба шарҳи дигар калимаҳои байт мепардозем, ки бори маъно мекашанд.
«Мурид» ба маънии иродатманд аст, дар тариқат шахсеро гӯянд, ки ба сулук даромада бошад. Ибораи «роҳи ишқ» дар адабиёти ирфонӣ истифодаи фаровон дорад, ки аз он ба маънии роҳи ҳақиқат, роҳи Худо низ таъбир мекунанд. Айнулқуззот дар «Тамҳидот» овардааст: «... роҳ пайдо кардан воҷиб аст, аммо роҳи Худой дар замин нест, дар осмон нест, дар биҳишту арш нест, ... дар ботини туст».
Ҳофиз дар ҷое мегӯяд: 
Роҳест роҳи ишқ, ки ҳеҷаш канора нест,
Он ҷо ҷуз он ки ҷон бисупоранд, чора нест.
Дар таърифи ишқ ҳар як мутафаккир бардошти алоҳидаи худро изҳор намудааст, масалан, Мавлавӣ онро «дарди бедаво» меномад:
Эй ишқ, назди ҳар касе ному лақаб дорӣ басе,
Ман дӯш номи дигарат кардам, ки дарди бедаво.
Вожаи «ишқ» дар ғазалҳои Ҳофиз корбурди зиёд дорад, қариб ғазале нест, ки дар он дар мавриди ишқ ишорае нарафта бошад, гӯё тору пуди ашъори шоирро бо он танида бошанд. Ба ақидаи ӯ ишқ фақат хоси инсон аст, ки сабаби «қуръаи фол ба номи ӯ задан» ҳам ҳамин буд.
«Фикри бадномӣ» тарс аз рафтани обрӯст, ки оқибатандешӣ ба оқилон хос аст, аҳли ишқ барои аз даст рафтани обрӯ, ҷон, мол ғам намехӯранд. Ҳофиз дар тариқати маломатия буд ва аҳли ин равия дар ҳама ҷо ба тариқати худ содиқ буданд. Қаҳрамони лирикии Ҳофиз ринди бебок аст, ки дар ҳама ҷои ашъори ӯ аз худ дарак медиҳад ва ба хотири ишқ заррае аз рафтани мол, обрӯ ғамгин намешавад. Ҳатто аз ном нанг доштани худро таъкид мекунад:
Соғари май бар кафам неҳ, то зи сар
Баркашам ин далқи азрақфомро.
Гарчӣ бадномист назди оқилон,
Мо намехоҳем нанги номро.
Ба ақидаи Аттор:
Ишқро бунёд бар бадномӣ аст,
Ҳар кӣ аз ин сар кашад, аз хомӣ аст.
«Хирқа» як навъ пӯшоки махсуси сӯфиён аст. Мақсади асосии хирқапӯшӣ риояи қоидаву одоби сулук ва ҳақир доштани нафс аст. Баъзе донишмандон хирқаро аз ду навъ иборат медонанд: хирқаи иродат ва хирқаи табаррук.
Мавлавӣ бо дарназардошти хосияти хирқа аз он образи зебое офаридааст, ки тани инсонро ба хирқа ва ҷони ӯро ба сӯфӣ ташбеҳ медиҳад:
Тани мо хирқаест пуртазриб,
Ҷони мо сӯфиест маънидор.
Раҳн – гарав, хонаи хаммор – ҷои шаробхории майнӯшон, маҷозан мақоми ишқ варзидан. Аттор дар ин маврид мефармояд:
Хирқаро зуннор кардам, хонаро хаммор кардам,
Гӯшаи дар боз кардам, з-он миён мардона ҷастам.
Достони Шайх Санъон дар «Мантиқ-ут-тайр»-и Аттор хеле муфассал оварда шудааст ва манбаи он ҳикояте аз асари «Туҳфат-ул-мулук»-и Ғаззолӣ дониста мешавад. Шафеъии Кадканӣ дар муқаддимаи «Мантиқ-ут-тайр» чунин овардааст: «Овардаанд, ки ҳарамро пире буд, номи ӯ Абдураззоқи Санъонӣ ва ӯ бузургу соҳибкаромот буд ва қариб сесад марди мурид дошт. Шабе хуфта буд, ба хоб дид, ки буте бар домани ӯ нишаста буд... Донист ба сафои вақту рӯшноии дил, ки ӯро коре дар роҳ аст... Дар хотираш чунон омад, ки ӯро ба ҷониби билоди Рум мебояд рафт ва дилаш чунон хост ва ишон хилофи дил натавонанд кард. Рӯй дар билоди Рум ниҳод ва ҷумла муридон бо ӯ дар роҳ истоданд ва мерафтанд. Рӯзе ба ҷое расиданд, калисое диданд. Шайх дарнигарист, чашми ӯ бар боми калисо ба духтари тарсое афтод. Дарҳол ошиқ шуд... Чун он ҳол шайхро воқеъ шуд, дарҳол мураққаъ берун овард ва ҷомаи муғон дарпӯшид. Камари бандагӣ бикушод ва зуннори ... тарсоӣ барбаст. Муридон гуфтанд: «Ў шайх, ин чӣ ҳолат аст?» Гуфт: «Моро ба дил чунин коре афтод. Бо дил мунофиқӣ натавонем кард. Зоҳиру ботин рост доштан шарти кор аст.» Гуфтанд: «Агар зоҳир мусалмон бошӣ, чӣ зиён бувад?» Гуфт: «Лашкаре бар назорагоҳ фуруд омадааст ва назари ӯ ба дил аст ва дил доғи ғайре дорад. Зоҳир ба ранги Ислом доштан чӣ суд дорад, ки на мо бандагӣ ба одат доштем? Он нишони дӯстии ӯ бувад. Имрӯз дӯстии дигаре, ки пой дар миён ниҳод моро ва агар бандагӣ, чӣ кор?» Муридон гуфтанд: «То мо низ мувофиқат кунем». Гуфт: «Албатта, нашояд, ки дар мухолифат мувофиқат насазад». Муридон аз дайр рафтанд ва ӯро ба қазо таслим карданд. Ва ӯ хукбонӣ мекард...»(саҳ.183-184)
Ин ҳолати Шайх Санъонро Аттор чунин ба қалам додааст:
Шайх чун дар ҳалқаи зуннор шуд,
Хирқа оташ дарзаду дар кор шуд.
Ҳофиз дар байти мавриди баҳс дар зоҳир гуфтан мехоҳад, ки агар дар роҳи ишқ содиқ бошӣ, аз гапи мардум, аз ҳар гуна бадномӣ андеша макун, зеро ошиқон дар роҳи висоли маъшуқ ҷонро фидо намуда, аз баҳри ҳама чиз мегузаранд. Чунонки Шайх Санъон аз дину эътиқод ва обрӯи худ дар ин ҷода фикр накарду ба миён зуннор баста, хукбониро ба хотири дили маъшуқи худро ба даст овардан пеша намуд.
Маънои ботинӣ: Агар дарҳақиқат мехоҳӣ, ки аз роҳи ишқ ба кашфи ҳақиқати ҳастӣ пай бурда, ба висоли маъшуқ бирасӣ, ҳама чизро ба миҳаки ақл масанҷ, инсони комил бояд барои расидан ба мақсади ниҳоӣ – дидори маъшуқи азал аз таҳти дил кӯшиш ба харҷ дода, роҳи ҳақиқатро на бо тарсу дудилагӣ, балки бо иродати тамом тай кунад.