пятница, 24 апреля 2009 г.

Суоли ишк

Ту дигар барои калбам гули нанг мефурушй,
Чу дукони ман шикаста, ба чй ранг мефурушй?

Бинишинам андар ин рах ба гами рухи чу себат,
Дили худ ба санг баста, ки битарсам аз фиребат.

Зи чй кас жавоб гирам, ки суоли ишк дорам?
Вараки чакомаамро ба суроги кй биёрам?

Дили соддабовари ман ба кадат намоз дорад,
Ту ижозаташ бифармо, ки ба вакти худ гузорад.

Шаби торики вужудам ба фуруги ту шиносам,
Ки туро шинос будан шуда кору ихтисосам.

Оинаи хеч
Пайи маъно рафтам,
Харфхо яхзадаанд,
Вожахо беруханд,
Чашми ман суи хакикат жорист,
Лек овози гуле пайдо нест,
То паёме бирасонад зи шукуфтан ба нафас,
Тар шавад хилкати ишк.
Осмон меояд
ба суроги ирфон,
Ба замине, ки халоик дар он жо
бизанад хаймаи ишк.
Пайи маъно рафтам
дар суроги дили худ.
То дар оинаи хеч акси хуршед вазад.
Бод хокистари ман
бурд бар Дажлаи ирфон бисупурд,
Ман чу Мансур кунун
озими хечистонам.

Комментариев нет:

Отправить комментарий