суббота, 16 февраля 2013 г.

ЭЙ ШЕЪР


                     

Эй шеър,
Нағз медонам,
К-аз дигар гулшани авроқи маро сабз кунй,
Хоҳишам бор орад.
Лек вақтам ба сар андешаи пирй дорад,
Пас маро бигзорад
Ба қафову биравад сўи адам.

Эй шеър,
Вақте дониш сифр,
Баҳо сифр,
Киса ҳам пур шуда аз колаи ҳеч,
Ба паси панжараат руст шавам,
Ки маро такягаҳй,
Ва тасалло бидиҳй.

Хушгўтарин парандай,
Ки боғҳо, дарахтҳо
Чу ташнагони ҳарфи ту
Сукут мекунанд,
Дари суруд боз кун.

Дар такопўй,
Ба минбар аз абадият ҳарф мезанй,
Ошуфта роҳ меравй,
Ки роҳ низ бо хурўши қадамат озурд.

Рўшанй,
Бе айнак аз саҳифаи вақт
Метавонам туро хонам,
Зеро ки бо манй.

Попўш мешавй
Андешаи маро.
Гоҳе ки хор мехалад
Дар пои лучи ў
Монанди пои кўдаке.

Дарозй,
Ба тўли як хоб,
Бар авжи ту уқоб ҳам
нахоҳад рафт,
Пас, кўҳи Қофй ту.

Мармузй,
Ки тафсири туро
Зи килк бинюшам,
Ва рози кайфиятатро
Аз об мепурсам.

Эй манбаи оксижен чун барг,
Сабз мешавй дар кафи дастонам,
Зеро дар он кифояти омин аст.

Ту шерй,
Межангй
Дар ҳарбу зарби аҳриманон
Ба сони аскаре оддй.
Вале жасорате дорй
Қавитар аз иродаи Рустам.

Тафс дорй,
Эй гармтарин оташ,
Ҳар касе пеш ояд,
Хокистараш мегардонй,
Хомиашро сўзонй.

Бўсай,
Эй шеър,
Ба ҳангоми жудой аз маъшуқ
Аз лабони ҳар ошиқ
Ба отифагй резй,
Чй басо диловезй!

Вақте туро мебинам,
Эй хокистари муҳаббати инсон,
Эй шеър,
Лаҳзаҳои рафтаам ба ёд ояд,
Ҳар қалам барои ту
Ракъате дуо хонад:
Шод зй ҳамеша дар ботин,
Эй гули нафас,
Омин!

Комментариев нет:

Отправить комментарий