понедельник, 21 октября 2013 г.

ПЕРОМУНИ ЯК БАЙТ



Гар муриди роҳи ишқӣ, фикри бадномӣ макун,
Шайх Санъон хирқа раҳни хонаи хаммор дошт.
Байти боло аз ғазалест, ки бо мисраи «Булбуле барги гуле хушранг дар минқор дошт»  оғоз мегардад.
Хоҷа Ҳофиз (1321-1389) аз ҷумлаи ҳафт тан шоирони беҳтарини адабиёти форсии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад, ки «ба афсуни сухан аз найи килк ҳама қанду шакар меборад» ва бинобар таъкиди Аннимарие Шиммел «Девон»-и ӯ дар асрҳои гузашта дар қатори се китоби бузурги дигар (Қуръон, «Маснавӣ», «Шоҳнома») дар хонаводаи ҳар як шахси соҳибмаърифат ба таври доимӣ нигоҳ дошта мешуд.
Ба далели он ки Хоҷа донишу ҷаҳонбинии густурдаеро соҳиб буд ва аз муҳаққиқони вораста ҳисоб мешуду Қуръонро ба чаҳордаҳ ривоят медонист, ашъораш дарунмояи хеле қавӣ дошт. Яке аз хусусиятҳои умдаи ашъори ӯ духӯрагии маъност (маъноҳои маҷозӣ ва ҳақиқӣ), ки ҳар як аъзои қишри ҷомеа лоиқи тавону истеъдоди худ аз он баҳраманд мешавад. Аммо сарфаҳм рафтан ба маъонии ҳақиқии ашъори шоир аз ҳар як хонанда фаҳми маонии душвору нуктаҳои пурмағзи фалсафиву ирфониро талаб мекунад.
Хоҷа дар ғазалҳои худ дар истифодаи санъати талмеҳ дар қатори санъатҳои бадеии ташбеҳ, истиора, маҷоз, тазод дасти тамом доштааст, ки корбасти онҳо ба таъсирнокии сухан меафзояд. Ӯ дар мавриди лозим бештар ба қиссаҳои қуръонӣ, саргузашти машоих ва асотири халқҳои гуногун талмеҳ мезанад.
Талмеҳ дар истилоҳи адабиётшиносӣ ба сифати санъати бадеие шинохта шудааст, ки шоир ҳангоми баёни фикри худ ба як ё чанд калимаи ягон қисса, зарбулмасал ё ҳикмат ишора мекунад. Дар байти мавриди назар ибораи «Шайх Санъон» ба сифати талмеҳ истифода гардидааст, ки саргузашти Шайх Санъонро ба зеҳни хонанда мерасонад. Пеш аз он ки ба талмеҳи мазкур истода гузарем, ба шарҳи дигар калимаҳои байт мепардозем, ки бори маъно мекашанд.
«Мурид» ба маънии иродатманд аст, дар тариқат шахсеро гӯянд, ки ба сулук даромада бошад. Ибораи «роҳи ишқ» дар адабиёти ирфонӣ истифодаи фаровон дорад, ки аз он ба маънии роҳи ҳақиқат, роҳи Худо низ таъбир мекунанд. Айнулқуззот дар «Тамҳидот» овардааст: «... роҳ пайдо кардан воҷиб аст, аммо роҳи Худой дар замин нест, дар осмон нест, дар биҳишту арш нест, ... дар ботини туст».
Ҳофиз дар ҷое мегӯяд: 
Роҳест роҳи ишқ, ки ҳеҷаш канора нест,
Он ҷо ҷуз он ки ҷон бисупоранд, чора нест.
Дар таърифи ишқ ҳар як мутафаккир бардошти алоҳидаи худро изҳор намудааст, масалан, Мавлавӣ онро «дарди бедаво» меномад:
Эй ишқ, назди ҳар касе ному лақаб дорӣ басе,
Ман дӯш номи дигарат кардам, ки дарди бедаво.
Вожаи «ишқ» дар ғазалҳои Ҳофиз корбурди зиёд дорад, қариб ғазале нест, ки дар он дар мавриди ишқ ишорае нарафта бошад, гӯё тору пуди ашъори шоирро бо он танида бошанд. Ба ақидаи ӯ ишқ фақат хоси инсон аст, ки сабаби «қуръаи фол ба номи ӯ задан» ҳам ҳамин буд.
«Фикри бадномӣ» тарс аз рафтани обрӯст, ки оқибатандешӣ ба оқилон хос аст, аҳли ишқ барои аз даст рафтани обрӯ, ҷон, мол ғам намехӯранд. Ҳофиз дар тариқати маломатия буд ва аҳли ин равия дар ҳама ҷо ба тариқати худ содиқ буданд. Қаҳрамони лирикии Ҳофиз ринди бебок аст, ки дар ҳама ҷои ашъори ӯ аз худ дарак медиҳад ва ба хотири ишқ заррае аз рафтани мол, обрӯ ғамгин намешавад. Ҳатто аз ном нанг доштани худро таъкид мекунад:
Соғари май бар кафам неҳ, то зи сар
Баркашам ин далқи азрақфомро.
Гарчӣ бадномист назди оқилон,
Мо намехоҳем нанги номро.
Ба ақидаи Аттор:
Ишқро бунёд бар бадномӣ аст,
Ҳар кӣ аз ин сар кашад, аз хомӣ аст.
«Хирқа» як навъ пӯшоки махсуси сӯфиён аст. Мақсади асосии хирқапӯшӣ риояи қоидаву одоби сулук ва ҳақир доштани нафс аст. Баъзе донишмандон хирқаро аз ду навъ иборат медонанд: хирқаи иродат ва хирқаи табаррук.
Мавлавӣ бо дарназардошти хосияти хирқа аз он образи зебое офаридааст, ки тани инсонро ба хирқа ва ҷони ӯро ба сӯфӣ ташбеҳ медиҳад:
Тани мо хирқаест пуртазриб,
Ҷони мо сӯфиест маънидор.
Раҳн – гарав, хонаи хаммор – ҷои шаробхории майнӯшон, маҷозан мақоми ишқ варзидан. Аттор дар ин маврид мефармояд:
Хирқаро зуннор кардам, хонаро хаммор кардам,
Гӯшаи дар боз кардам, з-он миён мардона ҷастам.
Достони Шайх Санъон дар «Мантиқ-ут-тайр»-и Аттор хеле муфассал оварда шудааст ва манбаи он ҳикояте аз асари «Туҳфат-ул-мулук»-и Ғаззолӣ дониста мешавад. Шафеъии Кадканӣ дар муқаддимаи «Мантиқ-ут-тайр» чунин овардааст: «Овардаанд, ки ҳарамро пире буд, номи ӯ Абдураззоқи Санъонӣ ва ӯ бузургу соҳибкаромот буд ва қариб сесад марди мурид дошт. Шабе хуфта буд, ба хоб дид, ки буте бар домани ӯ нишаста буд... Донист ба сафои вақту рӯшноии дил, ки ӯро коре дар роҳ аст... Дар хотираш чунон омад, ки ӯро ба ҷониби билоди Рум мебояд рафт ва дилаш чунон хост ва ишон хилофи дил натавонанд кард. Рӯй дар билоди Рум ниҳод ва ҷумла муридон бо ӯ дар роҳ истоданд ва мерафтанд. Рӯзе ба ҷое расиданд, калисое диданд. Шайх дарнигарист, чашми ӯ бар боми калисо ба духтари тарсое афтод. Дарҳол ошиқ шуд... Чун он ҳол шайхро воқеъ шуд, дарҳол мураққаъ берун овард ва ҷомаи муғон дарпӯшид. Камари бандагӣ бикушод ва зуннори ... тарсоӣ барбаст. Муридон гуфтанд: «Ў шайх, ин чӣ ҳолат аст?» Гуфт: «Моро ба дил чунин коре афтод. Бо дил мунофиқӣ натавонем кард. Зоҳиру ботин рост доштан шарти кор аст.» Гуфтанд: «Агар зоҳир мусалмон бошӣ, чӣ зиён бувад?» Гуфт: «Лашкаре бар назорагоҳ фуруд омадааст ва назари ӯ ба дил аст ва дил доғи ғайре дорад. Зоҳир ба ранги Ислом доштан чӣ суд дорад, ки на мо бандагӣ ба одат доштем? Он нишони дӯстии ӯ бувад. Имрӯз дӯстии дигаре, ки пой дар миён ниҳод моро ва агар бандагӣ, чӣ кор?» Муридон гуфтанд: «То мо низ мувофиқат кунем». Гуфт: «Албатта, нашояд, ки дар мухолифат мувофиқат насазад». Муридон аз дайр рафтанд ва ӯро ба қазо таслим карданд. Ва ӯ хукбонӣ мекард...»(саҳ.183-184)
Ин ҳолати Шайх Санъонро Аттор чунин ба қалам додааст:
Шайх чун дар ҳалқаи зуннор шуд,
Хирқа оташ дарзаду дар кор шуд.
Ҳофиз дар байти мавриди баҳс дар зоҳир гуфтан мехоҳад, ки агар дар роҳи ишқ содиқ бошӣ, аз гапи мардум, аз ҳар гуна бадномӣ андеша макун, зеро ошиқон дар роҳи висоли маъшуқ ҷонро фидо намуда, аз баҳри ҳама чиз мегузаранд. Чунонки Шайх Санъон аз дину эътиқод ва обрӯи худ дар ин ҷода фикр накарду ба миён зуннор баста, хукбониро ба хотири дили маъшуқи худро ба даст овардан пеша намуд.
Маънои ботинӣ: Агар дарҳақиқат мехоҳӣ, ки аз роҳи ишқ ба кашфи ҳақиқати ҳастӣ пай бурда, ба висоли маъшуқ бирасӣ, ҳама чизро ба миҳаки ақл масанҷ, инсони комил бояд барои расидан ба мақсади ниҳоӣ – дидори маъшуқи азал аз таҳти дил кӯшиш ба харҷ дода, роҳи ҳақиқатро на бо тарсу дудилагӣ, балки бо иродати тамом тай кунад.



Комментариев нет:

Отправить комментарий