пятница, 8 февраля 2013 г.

БАҲОРРО ХАБАР КУНЕД


Дилам барояш об шуд, баҳорро хабар кунед,
Чакома ҳам китоб шуд, баҳорро хабар кунед.

Жаҳон ба зери барфи дай карахт буд, кунун
Дами гусели хоб шуд, баҳорро хабар кунед.

Суруру шавқи дил ҳама ба доми соя банд буд,
Тулўъи офтоб шуд, баҳорро хабар кунед.

Варақ задам тамом вожаномаро, аз он
Ду вожа интихоб шуд, баҳорро хабар кунед.

Парандаву гиёҳу гул ба ҳам салом додаанд,
Видоъи изтироб шуд, баҳорро хабар кунед.

Чу вожаи таҳури Ишқ дар пагоҳи Фарвадин
Ба ҳарфи дил жавоб шуд, баҳорро хабар кунед.

Замони гунгу сарди дай чу оби жў гузашту рафт,
Дами наю рубоб шуд, баҳорро хабар кунед.

Чунонки  ин муҳит шуд ба ранги орзу бадал,
Дақиқа дар шитоб шуд, баҳорро хабар кунед.

Комментариев нет:

Отправить комментарий