пятница, 8 февраля 2013 г.

АЛБАТТА, МЕОЯД БАҲОР



Бигзор ин дилмондагй аз фасли сарди рўзгор,
Албатта, меояд баҳор, албатта, меояд баҳор.

Бар чашми хобат об зан, эй ошиқи дилбохта,
Албатта, меояд нигор, албатта, меояд нигор.

Базри дуоро кишт кун дар мазраъи дастони дил,
Албатта, мебахшад Худо инъому лутфи бешумор.

Чун заъф дар рўҳат бувад, номи варо такрор кун,
Албатта, бахшад иқтидор, албатта, бахшад иқтидор.

Чун ҳастиямро бофтанд аз пуди ишқаш, ҳар нафас
Бояд ки жон гирад сабақ аз дафтари Парвардигор...

Таърихи сармохўрдаро, ин вожаи афсурдаро,
Марҳам бикун, дарбеҳ бизан, албатта, меояд ба кор.

Дил менавозад сози ишқ, ин набз дар овони гул
Албатта, дорад эътибор, албатта, дорад эътибор.
                                            

               

Комментариев нет:

Отправить комментарий