суббота, 8 марта 2014 г.

Рушди адабиёт дар интернет


Интернет яке аз муваффақиятҳои чашмгири асри ҳозир аст, ки  барои зуд расондани иттилоот нақши муҳим мебозад, аммо чунонки мушоҳида мешавад, ба ҷуз ин, барои густариш ва такмили фарҳангу маънавият, илм, забону адабиёт аҳамияти калон дорад.
Шабакаҳои "Одноклассник", «Мой мир», "Фейсбук", "Твитер" аз пурмизоҷтарин шабакаҳои интернетиянд, ки дар онҳо ҳар рӯз миллионҳо нафар даро-баро доранд.
Коре, ки интернет барои пешрафти адабиёт дар давоми як сол анҷом медиҳад, шояд нашриёту матбуот дар тайи даҳсолаҳо анҷом дода натавонанд. Чунки муаллиф ба таври фаврӣ маҳсули эҷодии худро эълон мекунад ва фикру мулоҳизаи доираи васеъи хонандагонро ба даст меорад. Дар баробари ин, аз вазъияти адабиёти ҳар як қишри дунё ва ҷараёнҳои адабии рӯз воқиф мегардад. Ҳамчунин, адибон имконият доранд, бо хонандаи осори худ робитаи онлайниро ба роҳ гузоранд.
Дар кишвари мо низ интернет ба зудӣ густариш ёфт ва дар ҳоли ҳозир сафи аъзои интернет рӯз ба рӯз афзун мегардад. Зеро намоён аст, ки донишу маънавият ва фарҳанги имрӯзро бидуни дастрасӣ ба интернет тасаввур кардан мушкил аст. Аз дар сайтҳои интернетӣ ҷо гардидани аксари осори илмиву адабии донишмандону адибони бузург метавон ба хулосае омад, ки фарҳанги интернетии мо аллакай рушд мекунад ва барои тарбияи инсони босавод ва дорои ҷаҳонбинии мукаммал мусоидат менамояд.
Ба ҷиҳати оммавӣ гаштани он ҳар як нафар фикри шахсии худро иброз медоранд, дар он ҳеҷ гурӯҳе ё фирқае мавҷуд нест, ки ба роҳи ин ё он адиб монеа эҷод кунад. Аммо лозим аст, ки дар интернет як низоми муайян аз ҷониби муассиси ин ё он сайт ҷорӣ карда шавад. Танҳо бо ҳамин роҳ сифату мақоми осори арзишмандро таъмин намудан мумкин аст.
Пештар дастрасӣ ба осори адабии ҷаҳон хеле мушкил буд, ягон-ягон нафарон метавонистанд, ки аз тариқи огоҳӣ ба забонҳои русиву англисӣ адабиёти ҷаҳонро ба таври мукаммал мутолиа намоянд. Ё он ки аз асари нави нависандагони ҷаҳонӣ хеле дер хабардор мешуданд. Ҳоло аз навтарин асарҳои адабиву илмии донишмандони ҷаҳон ба таври фаврӣ хабардор шудаву мутолиа кардан имконияти фаровон мавҷуд аст.
Бо вуҷуди он ки интернет ва маҷаллаву осори электронӣ ҷои китобро намегиранд, аммо дар пешрафти тафаккур ва тамаддуни инсоният нақши сазовор доранд, ки рӯз то рӯз вусъат ёфтани ҷаҳонбинии зиёиёне, ки ба таври оқилона аз он истифода мекунанд, далели ин гуфтаҳост.
Адабиёти ҳазорсолаи ниёгонро мукарраран мутолиа кардан барои мо ба анъана табдил ёфтааст, дар ҳоле, ки баъзе ҷавонони мо ба адабиёти ниёгони худ ҳусни таваҷҷуҳ надоранд, албатта, яке аз сабабҳои умдаи он балад набудан ба забони адабии асрҳои миёна мебошад. Агар бо ҳамин минвол беэътиноӣ нисбати осори гузаштагон идома ёбад, дар байн халои фарҳангӣ эҷод мешавад. Сабаби мутолиаи осори онҳо на барои ифтихору донистан, ки чунин бузургон доштем, балки барои рушди ахлоқи имрӯз, баланд бардоштани сатҳи маънавият, барои гурез аз маданаияти оммавӣ, ки чун тори анкабут аз ҳар ҷониб ба андешаи ҷавонони мо тор метанад, мебошад.
Дар хусуси адабиёти муосир бошад, намунаи осори аксари шоирон дар саҳифаҳои маҷозии интернет мавҷуд аст, аммо қобили таассуф, ки ҳанӯз насру назми тоҷик ба таври мукаммал дар интернет вуҷуд надорад. Масалан, ҳанӯз варианти электронии куллиёти Аллома Садриддин Айнӣ дар интернет ҷо надорад. Ҳар як эҷодкори имрӯз дар мавридҳои зарурӣ маҷбур аст, ба осори устод Айнӣ рӯ биёрад ва дар забону услуб ва тарзи таҳлил андозагирӣ намояд. Ӯ на танҳо нависанда, балки шоиру олим ва публитсисти хеле бомаҳорате буд, ки ҳанӯз дар адабиёти муосири Осиёи Марказӣ ҳамсанги ӯро пайдо кардан душвор аст.
Ҳанӯз адибони мо дар машғулият бо интернет саҳлангорӣ мекунанд ва вақти худро аз нишастани сари мизи компутер дареғ медоранд. Ин падидаи нав баъди чанд муддат натиҷаҳои худро медиҳад, дар он вақт аллакай ақибмондагии адабиёти мо ба чашм мерасад. Аз эълони ҳар гуна асарҳои савияаш паст ва ғайриқаноатбахш даст кашидан ҳам ба фоидаи адабиёт аст, зеро зеҳни даҳҳо навқалами дигарро кунд мекунад ва онҳоро ба вартаи бемасъулиятӣ нисбати эҷод мекашад.
Адабиёти тоҷики кишвар ба суръат такомул меёбад ва осори адабии нависандагону шоирон зуд-зуд ба нашр мерасанд, дар навиштаҳои онҳо мавзӯи ватандӯстиву худшиносӣ ва нигоҳдории арзишҳои милливу умумибашарӣ ҷойгоҳи хосро ташкил мекунанд, аммо дар саҳифаҳои интернет хеле кам ҷойгир шудаанд, то барои дигарон низ дастрас бошад. Таъсиси маҷаллаи интернетии махсуси соҳаи адабиёт лозим меояд, то осори гузаштаву имрӯзи адибони моро дар саросари ҷаҳон бидуни мамониат мутолиа кунанд. Дар баробари ин, ба роҳ мондани нақди адабӣ дар интернет албатта, боиси такомул ва рушди адабиёт хоҳад шуд. Мушкилӣ дар дастрасии ҳамаи рӯзномаву китобҳои интишоршуда боиси сустиву ақибмондагии адибон дар соҳаи адабиёт мешавад, аз ин хотир, истифода аз веб-сайтҳои адабии интернет ин муаммоҳоро рафъ менамояд. Аммо дар интернет камбудиҳо низ кам нестанд, ки аз ҷумлаи он ба таври қатъӣ риоя нашудани навишти имлои тоҷикӣ бинобар аз техникаи нав бехабар будани адибон, байтҳои кӯчагиву пур аз ғалат навишта шудан, дар поёни ҳар байт моли кӣ будани онро зикр накардан, вуҷуд надоштани нақди солим, саҳлангорӣ нисбати саҳфаҳои маҷозӣ, дар он навишта шудани гапҳои нолозиму ҳазёни кӯчагӣ ва ё маҳрамона аз ҷониби дигарон ва ғайраҳо мебошанд.
Банда мутмаинам, ки бидуни омӯзиши осори илмиву ахлоқии гузаштагони худ мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Низомӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Сайидо, Бедил, Зебуннисо, Навоӣ, Ҷомӣ, Иқбол, ва дигарон ба ҳеҷ тамаддуни бузурге даст намеёбем, чунонки маълум аст, имтиёзи таълими мо аз таълими мамолики Ғарб ҳам дар он аст, ки дар баробари таълим тарбияи хуб низ ба роҳ монда мешавад ва дар ташаккули маънавияти баланд нақши ногусастанӣ мебозад.
Осори илмиро метавон аз тариқи тарҷума ҳам мутолиа кард, аммо барои дарки олами маънавӣ ва диди зебоишиносии ин ё он адиб осори онҳоро ба забони асл мутолиа кардан мувофиқ аст, танҳо дар ин сурат аз ҷаонбиниву тафаккур ва завқи зебоишиносии адибон хабардор шудан имкон дорад. Дастрасӣ ба адабиёт дар ҳоли ҳозир мукаммал донистани компутер ва забонҳои хориҷиро талаб мекунад. Осори адабии Акутагава,  Ӯрхон Помук, Пауло Коэло, Робиндронат Такур, Антон Чехов, Сергей Есенин, Артур Рембо, Эме Сезер ва дигаронро ба забони асл хондан завқи дигар дорад, ки ин имкониятро дар они воҳид аз интернет ба даст овардан мумкин аст.
Боиси таъкид аст, барандаи ҷоизаҳои адабии Нобел низ дар соҳаи адабиёт кам нестанд, осори мукаммали онҳо бо чандин забон дар сайтҳои интернетӣ гузошта шудааст. Пӯшида нест, ки аввалин ҷоизадори Нобел дар соҳаи адабиёт нависандаи фаронсавӣ Сюлли-Прюдом мебошад ва пас аз ӯ  адибоне ба мисли Робиндранат Такур (Ҳиндустон), Бернард Шоу (Англия), Томас Манн (Олмон), Эрнест Ҳемингуэй (ИМА), Михаил Шолохов, Александр Солженитcин (Русия), Орҳан Памук (Туркия), Мо Ян (Чин) ба ин мукофот сазовор гардида буданд. Соли 2013 ҷоизаи мазкурро дар соҳаи адабиёт хонум Элис Мунрои 82-солаи канадагӣ дарёфт намуд. Ба ӯ ҷоизаро ба ҷиҳати ҳикояҳои пурмуҳтавояш сазовор донистаанд.
Аз таърих маълум аст, ки алломаҳои бузург ва инсонҳои фидоии илму маънавият ба гӯшаву канори олам сайр карда, донишу таҷриба меандӯхтанд. Яке аз сабабҳои асосии ба муҳоҷират рӯ овардани онҳо нарасидани адабиёти даркорӣ буд. Тасаввур кунед, шаҳр ба шаҳру мамлакат ба мамлакат гаштан чӣ қадар гарониву маҳрумиҳоро бо худ ҳамроҳ дорад, он ҳам дар ҷустуҷӯи илму дониш.
Маълум, ки дар интернет осори камарзиш ва бемаънӣ ҳам роҳ меёбад, ки боиси халал пазируфтани рушди адабиёт мегардад. Аз ҳама масъалаи нозук хато пешниҳод кардани шеъру андарзҳои бузургон мебошад, ё дониставу надониста ба каси дигар нисбат додани моли онҳост. Ин бузургтарин иштибоҳ аст, ки ҳеҷ гоҳ таърих намебахшад. Ба ҷиҳати хатои котибон ё маълумоти нодурусти муаррихону тазкиранависон садҳо китобҳо ба муаллифони дигар нисбат дода шудааст, ҳазорҳо байту шеър дар паҳнои адабиёт саргардон аст, ки соҳиби аслии худро намеёбад. Ба ҷуз ин, ҳар касе, ки маводе ба сайтҳои интернетӣ мегузорад, бояд ҳатман аз қоидаи имло, қавоиди забон огоҳ бошад, зеро камтарин иштибоҳ хонандаро ба самти нодуруст мебарад.
Ҳангоми лайк гузоштан ба ин ё он матни саҳифаи фейсбук баъзеҳо бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд, зеро баъди хондани матн ба ишораи мақбул лайк гузошта мешавад, аммо нахонда лайк гузоштан натиҷаи бемасъулиятист.
Чизи дигаре, ки дар интернет мушоҳида мешавад, такрори матолиб аст. Дар баробари ин, сирқати адабӣ ба оқибатҳои манфии адабиёт оварда мерасонад.
Маълум, ки гурӯҳҳои махсус аз аъзои интернет ба фоидаи худ истифода бурдан мехоҳанд, дар ин маврид бояд гуфт, бо «иммунитети мафкуравӣ» муҷаҳҳаз будани ҳар як шахс лозим аст, то ба тафаккури ӯ аз берун латмае ворид нашавад.




Комментариев нет:

Отправить комментарий