понедельник, 4 июня 2012 г.

Моҳияти шеър



Шеър даъвати инсонҳо ба олами тахайюл аст. Барномае аст, ки садсолаҳо пеш аз чониби шоир тарҳрезй мешавад. Муаллифи шеър вазифадор аст, то ҳар айбу нуқсон ва камбудиеро, ки дар чомеа мебинад, барои дигарон гўшзад намояд, чашми онҳоро ба сўи ояндаҳо боз кунад.

Аз шоир талаб карда мешавад, ки тамоми манзараҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳоро бо чашми худ дидаву ҳазм намояд, пас, мумкин аст, натичаи он ба тарзи яклухт ва мўъчаз шеъри мондагор ба вучуд ояд.

Шеър бояд зиндагисоз бошад ва иродаву нерўи инсонҳоро такон бахшад, агар он фақат ба яъсу навмедй водор кунад, пас маълум мешавад, ки шоир ҳанўз рисолати худро назди башарият анчом надодааст.

Шеър маҳсули андешаву ормонҳои ҳар як нафар эчодкор аст. Он ҳолате миёни рўъёву бедорй аст, ки чуз шоири асил касе дигар аз чигунагии он дарак намеёбад. Ё чун мевае дар зеҳн аст, ки барои пухта расидан бояд чор фасли тафаккури инсонро аз сар гузаронад. Беҳтар аст, ки ҳангоми хом будан эчод нашавад. Шоири воқей нафаре аст, ки фасли пухтупази андешаро донад ва тавонад, ки набзи замонро бемалол дар корхонаи зеҳни худ ташхис диҳад.

Рисолати шеър дар чомеъа тафаккурҳои яхзадаро гармй бахшидан ва чун мўмиё хастагиҳои нерўву иродаи инсонро табобат кардан аст. Вале ин мўмиёро аз кучо бояд пайдо кард? Яқин, ки чуз шоир аз ин қабил гиёҳи зеҳндармон касе дигар бо худ ҳамроҳ нахоҳад дошт.

Барои шоири ҳунарманд дар мачмўъ шакл аҳамият надорад. Дар ҳар қолабе метавонад фикри худро баён созад ва шаклҳои суннативу озод суробе беш набуда, танҳо барои шакл ва озодиву имконияти шоир дар хизмат мебошанд. Аз ин лиҳоз, ҳунари ба вожаҳо дамидани рўҳи мазмун ва мўҳтавои амиқ пайваста машқу тамрин ва омўзиш мехоҳад. Дар натича мумкин аст шеъре мондагор падид ояд. Калимаҳо дар дасти шоири боистеъдод ҳукми плостилинро доранд, ки дар ҳар шаклу намуде, ки бихоҳад, аз онҳо мазмун рост мекунад.

Имрўз шеър бояд ҳам хусусияти диданйй, ҳам шуниданй ва ҳам гуфтанй дошта бошад, Вақте ин се унсур дар шеър бо ҳам муттаҳид мешавад, албатта, шеъре ба талаботҳои ҳунарй чавобгў ба миён хоҳад омад.

Барои он ки як шеъри созгор бо рўҳи хонанда офарида шавад, мутамарказ будани тасаввур ва кўшишҳои шоир ҳатмист, вагарна кам воқеъ меафтад, ки дар ҳолати карахтии андеша чизе хонданбоб манзури дигарон гардад.

Табиат бо хурдтарин чузъиёташ дар шаклгирии шеъри шоири муосир нақш мебозад. Шоире, ки бо табиат робитаи устувор надорад ва моҳияти физикии ҳар шайъро намедонад, шеъри ў ҳеч гуна арзишеро дар майдони шеърият молик нест, гуфтан мумкин аст: шеъри ғайритабий.

Шеър асосан, дар ду шакл ба зуҳур меояд: шеъри илҳомй ва шеъри ичборй. Шеъри илҳомй он аст, ки дар корхонаи зеҳни шоир бо пои худ меояд ва то ба ҳастй расидан шоирро ором намегузорад. Аммо шеъри ичборй бо роҳи сунъй, яъне, бо ҳазор ҳилаву найранг рўи кор меояд. Дар натича шеъри илҳомй дар зеҳни аҳли чомеа мисли офтоб рўшанй мебахшад, шеъри ичборй мисли фонус аст, ки равғани он танҳо барои шабе мўлчар шудааст.

Шеър метавонад инсонро ба ибтидои тозатарин, яъне ба асл пайванд диҳад. Барои ин тору пуди онро аз матоъи рўъёву рўҳ танидан лозим аст. Барои ин мебояд ба моҳияти мубаррои ҳастй сафар кард, то инъикоси нумўи гулҳои эҳсосро дар шеър наззора намоед.

Имрўз телефон алоқаи байни одамонро ба хубй таъмин мекунад. Шеър ҳам шабеҳи телефон аст, ки робитаи инсонро бо олами рўъё барқарор месозад, аммо омадани парии шеърро то ҳол касе надидааст, чунонки мавчи телефонро ҳеч кас бо чашми оддй дида наметавонад. Алоқаи телефон муваққатй аст, алоқаи шеър бошад, интиҳо надорад, яъне, то охирин нафас метавонад идома ёбад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий