пятница, 12 февраля 2010 г.

Пеша

Дар дилам хавсалаи парвоз аст,
Рубаруям дари дафтар боз аст.
Шоирй пешаи ман шуд охир,
Шеър, яъне сухани мумтоз аст.
Бибарам бори таманно бар душ,
Бихарам харфи алиф огоз аст.
Кучахо хуб маро медонанд,
Кучахо вокифи чандин роз аст.
Баргхо гашта муриди борон,
Дар лабаш сураи беовоз аст.
Эй кабутар, ту маро мешунавй?
Каламамро пари ту устоз аст.

Комментариев нет:

Отправить комментарий