пятница, 8 февраля 2013 г.

БАҲОРРО ХАБАР КУНЕД


Дилам барояш об шуд, баҳорро хабар кунед,
Чакома ҳам китоб шуд, баҳорро хабар кунед.

Жаҳон ба зери барфи дай карахт буд, кунун
Дами гусели хоб шуд, баҳорро хабар кунед.

Суруру шавқи дил ҳама ба доми соя банд буд,
Тулўъи офтоб шуд, баҳорро хабар кунед.

Варақ задам тамом вожаномаро, аз он
Ду вожа интихоб шуд, баҳорро хабар кунед.

Парандаву гиёҳу гул ба ҳам салом додаанд,
Видоъи изтироб шуд, баҳорро хабар кунед.

Чу вожаи таҳури Ишқ дар пагоҳи Фарвадин
Ба ҳарфи дил жавоб шуд, баҳорро хабар кунед.

Замони гунгу сарди дай чу оби жў гузашту рафт,
Дами наю рубоб шуд, баҳорро хабар кунед.

Чунонки  ин муҳит шуд ба ранги орзу бадал,
Дақиқа дар шитоб шуд, баҳорро хабар кунед.

АЛБАТТА, МЕОЯД БАҲОР



Бигзор ин дилмондагй аз фасли сарди рўзгор,
Албатта, меояд баҳор, албатта, меояд баҳор.

Бар чашми хобат об зан, эй ошиқи дилбохта,
Албатта, меояд нигор, албатта, меояд нигор.

Базри дуоро кишт кун дар мазраъи дастони дил,
Албатта, мебахшад Худо инъому лутфи бешумор.

Чун заъф дар рўҳат бувад, номи варо такрор кун,
Албатта, бахшад иқтидор, албатта, бахшад иқтидор.

Чун ҳастиямро бофтанд аз пуди ишқаш, ҳар нафас
Бояд ки жон гирад сабақ аз дафтари Парвардигор...

Таърихи сармохўрдаро, ин вожаи афсурдаро,
Марҳам бикун, дарбеҳ бизан, албатта, меояд ба кор.

Дил менавозад сози ишқ, ин набз дар овони гул
Албатта, дорад эътибор, албатта, дорад эътибор.
                                            

               

среда, 27 июня 2012 г.

Чашмаи бўса


Ман 
таровати тани туро
имшаб
ё ҳар шаби Худо
дар бетуй
ба хоб мебинам.

Ман муҳаббати туро
аз муллоазон
дар хотираҳоям мечашам,
ки таъми баргро дорад.

Ман лаби туро, 
ки гашт чашмаи бўса,
даруни пиёлаи хилват
нўш хоҳам кард.

Парвози вожа


Ман дилам мехоҳад,
Ки қафасро бикушо-м,
Вожа парвоз кунад,
Бипарад то ба баландии шуур.
Қофия банд бимонад поин.
Рўи санги ҳама ин ҳарфу ҳичо
Гули маъно биканам.
Ҳам ба девори нафас
Акси калом овезам.
Кирмро масъули коре бикунам,
То асоро на, балоро бихўрад...

вторник, 26 июня 2012 г.

Машкан қаламро

Ало, эй ҳамқалам, машкан қаламро,
Магир аз чўби хушке ҳар аламро.
Бибахшад рўсапедй аҳли дилро,
Намояд рўсияҳ он муттаҳамро.

Қалам


Қалам, оҳиста рав, мазмун намонад,
Ҳичоҳои дилам берун намонад.
Дар ин дафтар навис он гуна, к-армон
Ягон зарра миёни хун намонад.

пятница, 8 июня 2012 г.

Ғазали ишқ

"Аналҳақ"ро ба килки хеш иншо мекунй, эй ишқ,
Ба чашми Қайс Лайлиро тамошо мекунй, эй ишқ.

Ба уммеде, ки дар ҳар чиз нақши ёри худ бинад,
Пур аз Юсуф ту атрофи Зулайхо  мекунй, эй ишқ.

Намедонад касе дарҳои ганжи осмониро,
Ба мифтоҳи чунун қуфли хирад во  мекунй, эй ишқ.

Ба ҳар як мурдадил анфоси чуръат медамй, то ки
Намойи зиндадил, кори Масеҳо  мекунй, эй ишқ.

Набошад кори осон чони худро ройгон додан,
Барои марг ошиқро муҳайё  мекунй, эй ишқ.

Зибас қоидаи имлои буданро намедонам,
Муҳаррир гаштаву таҳрири иншо  мекунй, эй ишқ.

Касе, к-ояд зи пушти ту, қарораш мебарй, аммо
Дилаш лабрез бо мазмуни эҳё  мекунй, эй ишқ.

Туйи секунчаи эҳсос, дар ҳар кунж меъёрест,
Сукуту ашк, ҳам хандидан илқо  мекунй, эй ишқ.

Гаҳе аз синаи модар дилашро мебарй, гоҳе
Ба ҳаққи зиндагй тадбири зебо  мекунй, эй ишқ.

Халоиқ то бифаҳмад, достони дард мегўям,
Ба ҳар як шеъри Хусрав низ имзо  мекунй, эй ишқ.