понедельник, 4 июня 2012 г.

Моҳияти шеър



Шеър даъвати инсонҳо ба олами тахайюл аст. Барномае аст, ки садсолаҳо пеш аз чониби шоир тарҳрезй мешавад. Муаллифи шеър вазифадор аст, то ҳар айбу нуқсон ва камбудиеро, ки дар чомеа мебинад, барои дигарон гўшзад намояд, чашми онҳоро ба сўи ояндаҳо боз кунад.

Аз шоир талаб карда мешавад, ки тамоми манзараҳо, воқеаҳо ва ҳолатҳоро бо чашми худ дидаву ҳазм намояд, пас, мумкин аст, натичаи он ба тарзи яклухт ва мўъчаз шеъри мондагор ба вучуд ояд.

Шеър бояд зиндагисоз бошад ва иродаву нерўи инсонҳоро такон бахшад, агар он фақат ба яъсу навмедй водор кунад, пас маълум мешавад, ки шоир ҳанўз рисолати худро назди башарият анчом надодааст.

Шеър маҳсули андешаву ормонҳои ҳар як нафар эчодкор аст. Он ҳолате миёни рўъёву бедорй аст, ки чуз шоири асил касе дигар аз чигунагии он дарак намеёбад. Ё чун мевае дар зеҳн аст, ки барои пухта расидан бояд чор фасли тафаккури инсонро аз сар гузаронад. Беҳтар аст, ки ҳангоми хом будан эчод нашавад. Шоири воқей нафаре аст, ки фасли пухтупази андешаро донад ва тавонад, ки набзи замонро бемалол дар корхонаи зеҳни худ ташхис диҳад.

Рисолати шеър дар чомеъа тафаккурҳои яхзадаро гармй бахшидан ва чун мўмиё хастагиҳои нерўву иродаи инсонро табобат кардан аст. Вале ин мўмиёро аз кучо бояд пайдо кард? Яқин, ки чуз шоир аз ин қабил гиёҳи зеҳндармон касе дигар бо худ ҳамроҳ нахоҳад дошт.

Барои шоири ҳунарманд дар мачмўъ шакл аҳамият надорад. Дар ҳар қолабе метавонад фикри худро баён созад ва шаклҳои суннативу озод суробе беш набуда, танҳо барои шакл ва озодиву имконияти шоир дар хизмат мебошанд. Аз ин лиҳоз, ҳунари ба вожаҳо дамидани рўҳи мазмун ва мўҳтавои амиқ пайваста машқу тамрин ва омўзиш мехоҳад. Дар натича мумкин аст шеъре мондагор падид ояд. Калимаҳо дар дасти шоири боистеъдод ҳукми плостилинро доранд, ки дар ҳар шаклу намуде, ки бихоҳад, аз онҳо мазмун рост мекунад.

Имрўз шеър бояд ҳам хусусияти диданйй, ҳам шуниданй ва ҳам гуфтанй дошта бошад, Вақте ин се унсур дар шеър бо ҳам муттаҳид мешавад, албатта, шеъре ба талаботҳои ҳунарй чавобгў ба миён хоҳад омад.

Барои он ки як шеъри созгор бо рўҳи хонанда офарида шавад, мутамарказ будани тасаввур ва кўшишҳои шоир ҳатмист, вагарна кам воқеъ меафтад, ки дар ҳолати карахтии андеша чизе хонданбоб манзури дигарон гардад.

Табиат бо хурдтарин чузъиёташ дар шаклгирии шеъри шоири муосир нақш мебозад. Шоире, ки бо табиат робитаи устувор надорад ва моҳияти физикии ҳар шайъро намедонад, шеъри ў ҳеч гуна арзишеро дар майдони шеърият молик нест, гуфтан мумкин аст: шеъри ғайритабий.

Шеър асосан, дар ду шакл ба зуҳур меояд: шеъри илҳомй ва шеъри ичборй. Шеъри илҳомй он аст, ки дар корхонаи зеҳни шоир бо пои худ меояд ва то ба ҳастй расидан шоирро ором намегузорад. Аммо шеъри ичборй бо роҳи сунъй, яъне, бо ҳазор ҳилаву найранг рўи кор меояд. Дар натича шеъри илҳомй дар зеҳни аҳли чомеа мисли офтоб рўшанй мебахшад, шеъри ичборй мисли фонус аст, ки равғани он танҳо барои шабе мўлчар шудааст.

Шеър метавонад инсонро ба ибтидои тозатарин, яъне ба асл пайванд диҳад. Барои ин тору пуди онро аз матоъи рўъёву рўҳ танидан лозим аст. Барои ин мебояд ба моҳияти мубаррои ҳастй сафар кард, то инъикоси нумўи гулҳои эҳсосро дар шеър наззора намоед.

Имрўз телефон алоқаи байни одамонро ба хубй таъмин мекунад. Шеър ҳам шабеҳи телефон аст, ки робитаи инсонро бо олами рўъё барқарор месозад, аммо омадани парии шеърро то ҳол касе надидааст, чунонки мавчи телефонро ҳеч кас бо чашми оддй дида наметавонад. Алоқаи телефон муваққатй аст, алоқаи шеър бошад, интиҳо надорад, яъне, то охирин нафас метавонад идома ёбад.

воскресенье, 3 июня 2012 г.

ГУЛИ ЭҲСОС


Туро бо кулли аъзо дўст медорам, намедонй,
Ва бар занчири зулфонат гирифторам, намедонй. 

Зи шаб то субҳ чамъ орад хаёлам донаи маъно,
Ба номи ту шавад эчод ашъорам, намедонй.

Барои ту зи сидқи ошной чон барам эҳдо,
Иборат бошад аз ишқу ҳавас борам, намедонй.

Туй, ки ошнотар аз манй бо ҳарфҳои ман,
Бувад як вожа танҳо матни тўморам, намедонй.

Чй чои рамз, баъд аз ин суханро сода мегўям,
Диламро бар кафи дасти ту биспорам, намедонй.

Расам бояд ба меърочи муҳаббат ин сафар бо ту,
Ки бошад мавчи меҳри Дўст меъморам, намедонй.

Зи лабҳоят чавоби сурх мепурсам, намегўйи,
Ба чашмонат гули эҳсос мекорам, намедонй.

Калиди дил

Илоҳо, бар умедам болу пар деҳ,
Зи рози олами ботин хабар деҳ.
Намонам то паси дарвозаи дил,
Ба дастонам калиди қуфли дар деҳ.

Эҳёи худ

Ба даргоҳат тавалло мекунад дил,
Чамолатро таманно мекунад дил.
Ба чашми ман маро бинмо, азизам,
Ки дунёи худ эҳё мекунад дил.
 

воскресенье, 5 июня 2011 г.

ҒАЗАЛИ МОДАР

Ба шоми рўзгори мо фурўғи дигарй, модар,
Таконбахши заминиву муҳаббатофарй, модар.

Баҳор аз файзи дидорат шукўҳи сабз мегирад,
Ба сони барги гул як умр зебову тарй, модар.

Ба чону дил намоям саъй, то лаҳни ту омўзам,
Ба гўшам "аллаҳо" гуфтй ба алфози дарй, модар.

Агарки дар замин мардум мақоматро намедонад,
Ба бурчи осмон аз ахтарон болотарй, модар.

Хаёли чумла фарзандон рабуда хоб аз чашмат,
Худо ҳофиз! Дили худро кучо ҳам мебарй, модар?

Давоми Сораву Ҳочар, давоми Марями покй,
Агар занро мақоме буд, ту пайғамбарй, модар.

Набахшам тори мўятро ба ганчу сарвати дунё,
Шабу рўзон дуогўй, зи чонам бартарй, модар.

Туй, ки ҳарфи Хусравро зи меҳрат ранг мебахшй,
Бароят як ғазал гуфтам, ки зеби дафтарй, модар.

суббота, 4 июня 2011 г.

ДУ БАРГ ЛАҲЗА

Дилам ту ром кардай ба рўи нуронй,
Ҳар он чи аз дилам гузашт, нек медонй.

Дар ин қиёми дай фақат муҳаббати ёр аст,
Ки ҳадя мекунад маро фурўғи тўлонй.

Супурдаам ҳаётро ба дасти як дилбар,
Ки медиҳад барои ман анори иймонй.

Чй суд аз ишқ, агар ба рўи коғазе монад?
Биёвар ин сафар ба ман муҳаббати жонй.

Бимон, ки бўса гирад аз лабони ту шеърам,
Агар ки дафъае ту аз эмайл мехонй.

Биё, ду барг лаҳзаро ба ишқ бояд шуст,
В-агарна жумла пушти вақт мешавад фонй.

четверг, 2 июня 2011 г.

ФАҚАТ ВОЖАИ ИШҚ

То сурати зебои туро менигарам,
Зулфони кажат кўчаи риндон бибарад.
Ду дида, ки лонаи нигоҳат бошад,
Баргашта маро ба боғи ирфон бибарад.

Ку ташнагии маро ба жуз лаъли ту об?
Як лаҳза биё, ки ёдат оғўш кунам.
Ку хастагии маро ба ғайри ту даво?
Бо ту ҳама дарду ғам фаромўш кунам.

Ман маст ба бўса мешавам, бо май на,
Худ кўзаи май маро лабонат бошад.
Ман ҳаст ба ишқ мешавам, бо зар на,
Жоне, ки фидо кунам, амонат бошад.

Эй кош, қалам шавам ба ангуштонат,
То сабт кунй ба дил фақат вожаи ишқ.
Ҳар субҳ, ки аз нур вузў месозй,
Боз аст ба дидори ту дарвозаи ишқ.