суббота, 28 февраля 2015 г.

ШАРҲИ ҲИКОЯТИ «СЕ МОҲӢ ВА САЙЁДОН» ّАЗ «МАСНАВӢ»

ПАЙРАНГ:
Се моҳӣ дар як обгир (ҳавз) зиндагӣ мекарданд. Рӯзе сайёдон омада, моҳиҳоро мебинанд ва машварат мекунанд, ки фардо тӯр оварда, инҳоро сайд мекунем. Моҳии аввал, ки оқилу таҷрибанок буд, ба ҳеҷ кас чизе нагуфта, аз обгир баромада, ба баҳр рафта ҷойгир шуд ва бо ҳамин ҷони худро аз чанги сайёдон халос кард. Моҳии дуввум, ки нимоқил буд, дид, ки сайёдон ба кори сайд шурӯъ менамоянд, беҳтарин роҳи раҳоиро ба ҳоли мурда шабеҳ кардани худ донист. Вақте сайёде онро ба тӯр мегирад, мепиндорад, ки моҳии мурда аст, бо таассуфи ин ки хеле калон будааст, бар ӯ туф карда, аз баҳраш мегузарад. Моҳӣ аз ин кори сайёд хурсанд худро ғалтон-ғалтон ба баҳр мерасонад ва дар амон мемонад. Моҳии саввум, ки ғофил буд, баъди ба дом андохтани сайёдон ба ҷунбуҷӯл даромад, худро ба ҳар тараф мезад, аммо касе ба додаш намерасид. Ба умеди пухтупаз ӯро бурда, ба рӯи тобаи тафсон гузоштанд. Аммо ин моҳии ғофил баъди ба дом афтодан назди худ аҳд кард, ки минбаъд ҳеҷ гоҳ дар ин гуна обгирҳо ватан намесозад. Ҳол он ки аллакай дер шуда буд.

ТАЛҚИН:
Ҳикояти мазкур аз чанд ҷиҳат қобили аҳамият аст. Якум, муаллиф як ҳикояти «Калила ва Димна»-ро мисли дигар ҳикоятҳои ин асар ба тариқи зебо ба хонанда ҳавола мекунад, дар ҳоле ки чанд ҳикояти дигар дар дохили он нақл шудааст. Дуввум, масоили баҳсталаби таълимиро дар ҳошияи ҳикоят баён медорад. Саввум, ба ҷуз ин ба масоили иҷтимоӣ низ даст зада, аз ҳар ҷониб муаммоҳои зиндагии иҷтимоӣ ва нобаробарии фикрии мардумро баррасӣ менамояд.
Моҳии оқил рамзи муршид, инсони комил аст, ки ба мақоли «Илоҷи воҷеа пеш аз вуҷӯъ бояд кард» амал намуда, худро аз дасти Шайтон ва макру ҳилаи ӯ халос мекунад. Зеро Шайтон ҳамеша дар пайи одамон аст, ки дили онҳоро сайд намуда, ба тӯри худ андозад ва бо ҳамин то қиёмат гумроҳ гарданд. Моҳии нимоқил шахсе аст, ки ба пешвову ҳодие ниёз дорад. Чоҳро медонад, аммо тариқи аз чоҳ гузаштанро касе бояд ба ӯ омӯзонад. Соддатар карда гӯем, шогирде, ки ба тарбияи устод эҳтиёҷманд аст. Чун мебинад, ки роҳи раҳоӣ аз обгири танги муҳит берун омадан аст, худро ба мурдагон шабеҳ карда, ба қавли Пайғамбар (с.а.в.) амал менамояд ва бо ин равиш, ки равияи хосагон аст, ба наҷот мерасад.
Чунонки худи муаллиф меоварад:
Дигаре, ки нимоқил омад ӯ,
Оқилеро дидаи худ донад ӯ.

Моҳии ғофил касе аст, ки дар банди тааллуқоти моддӣ ва ҳавову ҳавас монда, аз олами руҳонӣ бехабар аст ва намедонад, ки рӯзе сайёди дину имон ҳама дороияшро аз ӯ меситонад. Ба ҷиҳати беиттилоӣ аз олами ботин ва надонистани баҳри нопайдоканори маънавият, ки мақоми арвоҳ он ҷо мебошад, дар тӯри нафс гирифтор мешавад. Аммо «тири аз камон баромада»ро баргардондан амри маҳол аст. Инсони ғофил ягона чизе, ки дар даст дорад, пушаймонӣ аст, ки чаро дар обгир маскан гирифт. Дигар мехоҳад, ки ин кор такрор нашавад, аммо «Бар гузашта ҳасрат овардан хатост»-мегӯяд Мавлавӣ.
Марги пеш аз марг амн аст, эй фато,
Инчунин фармуд моро Мустафо.

Мавлавӣ барои тақвияти ин ҳадиси Мустафо (с.а.в.) дар дафтари аввали «Маснавӣ» ҳикояти «Тӯтӣ ва бозаргон»-ро меоварад, ки тӯтӣ баъди худро ба мурда вонамуд кардан аз қафас озод мешавад. Вобаста ба ин мавзӯъ Азизиддин Насафӣ дар китоби «Инсони комил» меоварад: «Бидон, ки анбиё ва авлиёро пеш аз мавти табиӣ мавти дигар ҳаст. Аз ҷиҳати он ки ишон ба мавти иродӣ пеш аз марги табиӣ мемиранд ... ва аз мартабаи илмуляқин ба мартабаи айнуляқин мерасанд.»(саҳ. 48)
Мавлавӣ пеш аз оғози достон хислати ин ашхосро тафсир мекунад ва фикрҳои худро дар хусуси онҳо иброз медорад. Аз ҷумла, шахси оқилро «раҳнамои қофила» медонад. Зеро ӯ барои инсонҳо ҳукми чашмро дорад, ки бидуни ӯ сафеду сиёҳ, савобу гуноҳ, шабу рӯз, пастиву баландиро аз ҳамдигар ҷудо карда наметавонанд.
Инсонҳои зирак аз гирдоби ташвиш ва буҳрон зуд берун меоянд. Зеро ба ақли худ такя намуда, роҳи ҳалли муамморо пайдо хоҳанд кард.
Обгир дар ин ҷо ба маънии русто низ меояд, ки ҷои тангу тор ва дар панҷаи ҷаҳолату хурофот гирифтор аст, дарё тамсили шаҳр, ки макони илму дониш буда, боиси пешрафти тафаккур мегардад. Сайёдон аҳли ҷаҳлу хурофотанд, ки барои аз дасти онҳо раҳо шудан соҳиби дониши қавӣ ва фаросати баланд бояд буд.

Хусрав САЪДУЛЛОҲ.

суббота, 8 марта 2014 г.

Рушди адабиёт дар интернет


Интернет яке аз муваффақиятҳои чашмгири асри ҳозир аст, ки  барои зуд расондани иттилоот нақши муҳим мебозад, аммо чунонки мушоҳида мешавад, ба ҷуз ин, барои густариш ва такмили фарҳангу маънавият, илм, забону адабиёт аҳамияти калон дорад.
Шабакаҳои "Одноклассник", «Мой мир», "Фейсбук", "Твитер" аз пурмизоҷтарин шабакаҳои интернетиянд, ки дар онҳо ҳар рӯз миллионҳо нафар даро-баро доранд.
Коре, ки интернет барои пешрафти адабиёт дар давоми як сол анҷом медиҳад, шояд нашриёту матбуот дар тайи даҳсолаҳо анҷом дода натавонанд. Чунки муаллиф ба таври фаврӣ маҳсули эҷодии худро эълон мекунад ва фикру мулоҳизаи доираи васеъи хонандагонро ба даст меорад. Дар баробари ин, аз вазъияти адабиёти ҳар як қишри дунё ва ҷараёнҳои адабии рӯз воқиф мегардад. Ҳамчунин, адибон имконият доранд, бо хонандаи осори худ робитаи онлайниро ба роҳ гузоранд.
Дар кишвари мо низ интернет ба зудӣ густариш ёфт ва дар ҳоли ҳозир сафи аъзои интернет рӯз ба рӯз афзун мегардад. Зеро намоён аст, ки донишу маънавият ва фарҳанги имрӯзро бидуни дастрасӣ ба интернет тасаввур кардан мушкил аст. Аз дар сайтҳои интернетӣ ҷо гардидани аксари осори илмиву адабии донишмандону адибони бузург метавон ба хулосае омад, ки фарҳанги интернетии мо аллакай рушд мекунад ва барои тарбияи инсони босавод ва дорои ҷаҳонбинии мукаммал мусоидат менамояд.
Ба ҷиҳати оммавӣ гаштани он ҳар як нафар фикри шахсии худро иброз медоранд, дар он ҳеҷ гурӯҳе ё фирқае мавҷуд нест, ки ба роҳи ин ё он адиб монеа эҷод кунад. Аммо лозим аст, ки дар интернет як низоми муайян аз ҷониби муассиси ин ё он сайт ҷорӣ карда шавад. Танҳо бо ҳамин роҳ сифату мақоми осори арзишмандро таъмин намудан мумкин аст.
Пештар дастрасӣ ба осори адабии ҷаҳон хеле мушкил буд, ягон-ягон нафарон метавонистанд, ки аз тариқи огоҳӣ ба забонҳои русиву англисӣ адабиёти ҷаҳонро ба таври мукаммал мутолиа намоянд. Ё он ки аз асари нави нависандагони ҷаҳонӣ хеле дер хабардор мешуданд. Ҳоло аз навтарин асарҳои адабиву илмии донишмандони ҷаҳон ба таври фаврӣ хабардор шудаву мутолиа кардан имконияти фаровон мавҷуд аст.
Бо вуҷуди он ки интернет ва маҷаллаву осори электронӣ ҷои китобро намегиранд, аммо дар пешрафти тафаккур ва тамаддуни инсоният нақши сазовор доранд, ки рӯз то рӯз вусъат ёфтани ҷаҳонбинии зиёиёне, ки ба таври оқилона аз он истифода мекунанд, далели ин гуфтаҳост.
Адабиёти ҳазорсолаи ниёгонро мукарраран мутолиа кардан барои мо ба анъана табдил ёфтааст, дар ҳоле, ки баъзе ҷавонони мо ба адабиёти ниёгони худ ҳусни таваҷҷуҳ надоранд, албатта, яке аз сабабҳои умдаи он балад набудан ба забони адабии асрҳои миёна мебошад. Агар бо ҳамин минвол беэътиноӣ нисбати осори гузаштагон идома ёбад, дар байн халои фарҳангӣ эҷод мешавад. Сабаби мутолиаи осори онҳо на барои ифтихору донистан, ки чунин бузургон доштем, балки барои рушди ахлоқи имрӯз, баланд бардоштани сатҳи маънавият, барои гурез аз маданаияти оммавӣ, ки чун тори анкабут аз ҳар ҷониб ба андешаи ҷавонони мо тор метанад, мебошад.
Дар хусуси адабиёти муосир бошад, намунаи осори аксари шоирон дар саҳифаҳои маҷозии интернет мавҷуд аст, аммо қобили таассуф, ки ҳанӯз насру назми тоҷик ба таври мукаммал дар интернет вуҷуд надорад. Масалан, ҳанӯз варианти электронии куллиёти Аллома Садриддин Айнӣ дар интернет ҷо надорад. Ҳар як эҷодкори имрӯз дар мавридҳои зарурӣ маҷбур аст, ба осори устод Айнӣ рӯ биёрад ва дар забону услуб ва тарзи таҳлил андозагирӣ намояд. Ӯ на танҳо нависанда, балки шоиру олим ва публитсисти хеле бомаҳорате буд, ки ҳанӯз дар адабиёти муосири Осиёи Марказӣ ҳамсанги ӯро пайдо кардан душвор аст.
Ҳанӯз адибони мо дар машғулият бо интернет саҳлангорӣ мекунанд ва вақти худро аз нишастани сари мизи компутер дареғ медоранд. Ин падидаи нав баъди чанд муддат натиҷаҳои худро медиҳад, дар он вақт аллакай ақибмондагии адабиёти мо ба чашм мерасад. Аз эълони ҳар гуна асарҳои савияаш паст ва ғайриқаноатбахш даст кашидан ҳам ба фоидаи адабиёт аст, зеро зеҳни даҳҳо навқалами дигарро кунд мекунад ва онҳоро ба вартаи бемасъулиятӣ нисбати эҷод мекашад.
Адабиёти тоҷики кишвар ба суръат такомул меёбад ва осори адабии нависандагону шоирон зуд-зуд ба нашр мерасанд, дар навиштаҳои онҳо мавзӯи ватандӯстиву худшиносӣ ва нигоҳдории арзишҳои милливу умумибашарӣ ҷойгоҳи хосро ташкил мекунанд, аммо дар саҳифаҳои интернет хеле кам ҷойгир шудаанд, то барои дигарон низ дастрас бошад. Таъсиси маҷаллаи интернетии махсуси соҳаи адабиёт лозим меояд, то осори гузаштаву имрӯзи адибони моро дар саросари ҷаҳон бидуни мамониат мутолиа кунанд. Дар баробари ин, ба роҳ мондани нақди адабӣ дар интернет албатта, боиси такомул ва рушди адабиёт хоҳад шуд. Мушкилӣ дар дастрасии ҳамаи рӯзномаву китобҳои интишоршуда боиси сустиву ақибмондагии адибон дар соҳаи адабиёт мешавад, аз ин хотир, истифода аз веб-сайтҳои адабии интернет ин муаммоҳоро рафъ менамояд. Аммо дар интернет камбудиҳо низ кам нестанд, ки аз ҷумлаи он ба таври қатъӣ риоя нашудани навишти имлои тоҷикӣ бинобар аз техникаи нав бехабар будани адибон, байтҳои кӯчагиву пур аз ғалат навишта шудан, дар поёни ҳар байт моли кӣ будани онро зикр накардан, вуҷуд надоштани нақди солим, саҳлангорӣ нисбати саҳфаҳои маҷозӣ, дар он навишта шудани гапҳои нолозиму ҳазёни кӯчагӣ ва ё маҳрамона аз ҷониби дигарон ва ғайраҳо мебошанд.
Банда мутмаинам, ки бидуни омӯзиши осори илмиву ахлоқии гузаштагони худ мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Низомӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Сайидо, Бедил, Зебуннисо, Навоӣ, Ҷомӣ, Иқбол, ва дигарон ба ҳеҷ тамаддуни бузурге даст намеёбем, чунонки маълум аст, имтиёзи таълими мо аз таълими мамолики Ғарб ҳам дар он аст, ки дар баробари таълим тарбияи хуб низ ба роҳ монда мешавад ва дар ташаккули маънавияти баланд нақши ногусастанӣ мебозад.
Осори илмиро метавон аз тариқи тарҷума ҳам мутолиа кард, аммо барои дарки олами маънавӣ ва диди зебоишиносии ин ё он адиб осори онҳоро ба забони асл мутолиа кардан мувофиқ аст, танҳо дар ин сурат аз ҷаонбиниву тафаккур ва завқи зебоишиносии адибон хабардор шудан имкон дорад. Дастрасӣ ба адабиёт дар ҳоли ҳозир мукаммал донистани компутер ва забонҳои хориҷиро талаб мекунад. Осори адабии Акутагава,  Ӯрхон Помук, Пауло Коэло, Робиндронат Такур, Антон Чехов, Сергей Есенин, Артур Рембо, Эме Сезер ва дигаронро ба забони асл хондан завқи дигар дорад, ки ин имкониятро дар они воҳид аз интернет ба даст овардан мумкин аст.
Боиси таъкид аст, барандаи ҷоизаҳои адабии Нобел низ дар соҳаи адабиёт кам нестанд, осори мукаммали онҳо бо чандин забон дар сайтҳои интернетӣ гузошта шудааст. Пӯшида нест, ки аввалин ҷоизадори Нобел дар соҳаи адабиёт нависандаи фаронсавӣ Сюлли-Прюдом мебошад ва пас аз ӯ  адибоне ба мисли Робиндранат Такур (Ҳиндустон), Бернард Шоу (Англия), Томас Манн (Олмон), Эрнест Ҳемингуэй (ИМА), Михаил Шолохов, Александр Солженитcин (Русия), Орҳан Памук (Туркия), Мо Ян (Чин) ба ин мукофот сазовор гардида буданд. Соли 2013 ҷоизаи мазкурро дар соҳаи адабиёт хонум Элис Мунрои 82-солаи канадагӣ дарёфт намуд. Ба ӯ ҷоизаро ба ҷиҳати ҳикояҳои пурмуҳтавояш сазовор донистаанд.
Аз таърих маълум аст, ки алломаҳои бузург ва инсонҳои фидоии илму маънавият ба гӯшаву канори олам сайр карда, донишу таҷриба меандӯхтанд. Яке аз сабабҳои асосии ба муҳоҷират рӯ овардани онҳо нарасидани адабиёти даркорӣ буд. Тасаввур кунед, шаҳр ба шаҳру мамлакат ба мамлакат гаштан чӣ қадар гарониву маҳрумиҳоро бо худ ҳамроҳ дорад, он ҳам дар ҷустуҷӯи илму дониш.
Маълум, ки дар интернет осори камарзиш ва бемаънӣ ҳам роҳ меёбад, ки боиси халал пазируфтани рушди адабиёт мегардад. Аз ҳама масъалаи нозук хато пешниҳод кардани шеъру андарзҳои бузургон мебошад, ё дониставу надониста ба каси дигар нисбат додани моли онҳост. Ин бузургтарин иштибоҳ аст, ки ҳеҷ гоҳ таърих намебахшад. Ба ҷиҳати хатои котибон ё маълумоти нодурусти муаррихону тазкиранависон садҳо китобҳо ба муаллифони дигар нисбат дода шудааст, ҳазорҳо байту шеър дар паҳнои адабиёт саргардон аст, ки соҳиби аслии худро намеёбад. Ба ҷуз ин, ҳар касе, ки маводе ба сайтҳои интернетӣ мегузорад, бояд ҳатман аз қоидаи имло, қавоиди забон огоҳ бошад, зеро камтарин иштибоҳ хонандаро ба самти нодуруст мебарад.
Ҳангоми лайк гузоштан ба ин ё он матни саҳифаи фейсбук баъзеҳо бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд, зеро баъди хондани матн ба ишораи мақбул лайк гузошта мешавад, аммо нахонда лайк гузоштан натиҷаи бемасъулиятист.
Чизи дигаре, ки дар интернет мушоҳида мешавад, такрори матолиб аст. Дар баробари ин, сирқати адабӣ ба оқибатҳои манфии адабиёт оварда мерасонад.
Маълум, ки гурӯҳҳои махсус аз аъзои интернет ба фоидаи худ истифода бурдан мехоҳанд, дар ин маврид бояд гуфт, бо «иммунитети мафкуравӣ» муҷаҳҳаз будани ҳар як шахс лозим аст, то ба тафаккури ӯ аз берун латмае ворид нашавад.




среда, 23 октября 2013 г.

Аллома

                                                                                                
                         
Мӯсафеде дар як деҳаи дурдаст ба дӯши худ кӯлбори вазнинеро бо машаққати тамом бардошта мебурд. Дар роҳ чанд нафар аз ӯ мепурсанд, ки дар ин халта чӣ дорӣ? Ӯ ҷавоб медиҳад: Бори дунё.
Як нафар дар асри ХХ ба кулли мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ нигоҳ накарда, «бори адабиёт»-ро ба дӯш гирифта, то ҷои лозим бурда расонд, ки бидуни шак ин шахси серғайрат ва чолок устод Садриддин Саидмуродхоҷа Айнӣ мебошад. Ва фикр мекунам, ин бори Айнӣ ҳамон бори дун±и андеша мебошад, ки дар қи±с ҳарду тахминан як борро мебурданд, яъне бори тафаккури инсон.
Ё дар ҳар даврае як доҳӣ зуҳур мекунад ва барои халқ чун раҳнамо хидматҳои худро ба анҷом мерасонад. Дар қатори беҳтарин намояндагони адабиёти дунё мисли Фридрих Нитше, Жон Пул Сортр, Робиндронат Такур, Тоҳо Ҳусайн, Луи Арагон ва дигарон номи Садриддин Айниро ҳам бо ифтихор ба забон овардан мумкин аст, ки маҳз, ба воситаи эҷодиёти худ фарҳанги миллии моро дар перояи нав ба ҷаҳониён шиносонид. Мавсуф дар эҷоди асарҳои бадеӣ ва илмӣ-адабӣ истеъдоди фавқулоддае дошт, ки инро аз мутолиаи осори ӯ амиқтар мушоҳида кардан мумкин аст. Дар соҳаи назму наср аз овони дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил кардан дастовард дошт, аз ҷумла назми ӯ бештар ба назар мерасид, ки Садри Зиё бо сатрҳои зерин вайро тавсиф намудааст:
Ба назму ба насри сухан довар аст,
Вале назмаш аз насри ӯ хуштар аст.
Дар яке аз навиштаҳои худ Устод Айнӣ таъкид мекунад, ки чорчӯбаи назм ба ман тангӣ карду ба наср гузаштам, албатта, ин сухани хоксоронае беш нест. Аз ҷониби дигар маълум буд, ки барои тасвири ҳаёти воқеии мардум танҳо шеър кифоят намекард ва бадеияти шеър садде барои баёни васеътари мазомини иҷтимоии даврони зиндагии муаллиф мешуд. Ба ин боис бештар ба навиштани осори насрӣ таваҷҷӯҳ намуд. Медонист, ки барои ифода кардани мавзӯъҳои талаби давр дар назм ҳамроҳаш «шоири ҷаррор»-Абулқосими Лоҳутӣ ҳаст, аммо майдони наср баъд аз Аҳмади Дониш холӣ менамояд. Бо вуҷуди ин, шеъри «Марши ҳуррият», ки соли 1918 эҷод шуда буд, аввалин намунаи шеъри навин дар адабиёти форсӣ-тоҷикӣ эътироф шудааст. Нимо Юшиҷ бошад, пас аз 4 сол, яъне соли 1922 манзумаи «Афсона»-ро, ки намунаи аввалини шеъри нави форсӣ медонанд, эҷод карда буд.
Садриддин Айнӣ на ба танҳоӣ, балки бо тарбияи як зумра шогирдон дар равияи назму наср ва нақди адабӣ бори адабиётро дар солҳои 30-40 ба пеш бурд. Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Ҳаким Карим, Раҳим Ҳошим, Абдусалом Деҳотӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ Расул Ҳодизода, Тӯрақул Зеҳнӣ ва чанде дигарон ҳама парвардагони мактаби адабии ӯ ба ҳисоб мераванд, ки бо маслиҳату пешниҳодҳои Айнӣ дар эҷоди осори худ даст зада, адабиёти навини тоҷикро инкишоф ва такомул доданд. Устод Айнӣ чун намунаи «хиради халқ»(таъбири Хуршеда Отахонова) дар миёни аҳли адабу фарҳанги миллии мо шинохта шудааст.
Ба далели он ки Айнӣ ниҳоят шахси гарму сардии рӯзгорро дидаву бо пастиу баландии ҳаёт шинос буд, бо адабиёт ҳам эҳтиёткорона муносибат дошт ва барои некро аз баду коҳро аз дон ҷудо кардан ба худбиниву саросемагӣ роҳ надодааст. Бори адабиётро дар тӯли зиндагии рангорангу пур аз тазоди худ ҷасоратмандона то наслҳои нав оварда расонд, ки имрӯз ҳар як зиёӣ бо ин алломаи тамаддуни Шарқ ифтихор дорад. Ҳангоми барҳаёт будан дар мавриди осори С. Айнӣ хеле кам мавод ба нашр расидааст, яке аз сабабҳои ин ҳам бо фурӯтанӣ ба ин кор роҳ надодани худи ӯст.
Дар давраи Аморати Бухоро соли 1917 Айниро барои дарра задан ба назди остонаи арки амир меоранд, ки Тӯрақул Зеҳнӣ дар он ҷо ҳозир будааст. Ӯ нақл мекунад: «Як вақт як бағал таёқи сафеди зарангро ба рӯи тахтапул оварда партофтанд. Аз паси он ситамдидаеро кашон-кашон оварда, як одами ғӯл ба пушташ бардошту тахтапушташро луч карда, ду кас бо таёқи сафеди заранг мувофиқи амри фармондеҳе ба задан сар карданд, чун «бир» мегуфт, ду кас яктогӣ мезаданд, вақте ки «икки» мегуфт, боз он ду кас яктогӣ мезаданд, яъне ба ҳар шумора ду бор мезаданд. Охир ба 75 расид ва таёқхӯрдаро бурданд.» Ин нуктаҳо нишон медиҳад, ки амир барои роҳ надодан ба ташвиқоти ҷадидҳо аввал Айниро ба зери зулму истибдод мегирад. С. Айнӣ чунон иродаи мустаҳкаме доштааст, ки баъди додарашро куштан ва ба ҷисми худаш латма задан ҳам аз роҳу андешаи худ намегардад.
Бухоро зодгоҳи Айнӣ мебошад, барои ҳамин тасвири он дар осори ӯ бештар эҳсос мегардад. Охирон сафари С. Айнӣ ба Бухоро соли 1949 ҳамроҳи Ҷ. Икромӣ ва С. Улуғзода барои ҷамъ кардани маводи «Ёддоштҳо» сурат гирифтааст.
Намояндаи адабиёти туркман Бердӣ Карбобоев ҳам таъсири осори устодро дар адабиёти сарзамини Мовароуннаҳр одилона эътироф намуда буд: «Айнӣ фақат падар ва устоди адабиёти ... тоҷик набуда, балки падар ва устоди ҳамаи адабиётҳои Осиёи Марказӣ мебошад.»
Чингиз Айтматов дар бораи Айнӣ навиштааст: Дар мавҷҳои таърих халқро нишон додан аз ракурсҳои Айнӣ мебошад. Айнӣ асарҳои хурду калони аҷоиб бисёр дорад, ман мутолиакунандагонро барои шинос шудан бо қиссаи ҳаҷвии ӯ  «Марги судхӯр» даъват мекунам. Дар он ҷозибаи ниҳоят зиёд мавҷуд аст.
Умедворам, ки ба ин санъаткорони сухан (Садриддин Айнӣ ва Мухтор Авезов - Х.Ҳ.) муроҷиат карданро мутолиакунандагон аз ман ибрат мегиранд.» Аз ин гуфтаҳо бараъло аён мешавад, ки Ч. Айтматов ҳам ба хотири услуб ва мазмуни бой доштан ба осори Айнӣ муроҷат мекардааст.
Донишманди Афғонистон Сарвари Гӯё, ки соли 1945 бо устод Айнӣ вохӯрдааст, дар як асари худ менависад: «Ман одамеро, ки ба Айнӣ баробар шуда тавонад, надидаам.» 
Барои пешрафти насри реалии Айнӣ таъсири М. Горкӣ хеле назаррас аст. Инро худи устод низ эътироф кардааст. Бо вуҷуди забони русиро хуб надонистан асарҳои Горкийро дастрас намуда, бо мулоҳиза дида мебарояд. Аммо С. Айнӣ афсӯс мехӯрад, ки бо ин нависандаи пешқадам дер шинос шудааст. Ба таъбири М. Турсунзода яке аз сабабҳои хонданӣ буданӣ асарҳои устод Айнӣ ин «ҳар доим бар машаққати нависандагӣ ғолиб омадан»-и ӯ мебошад.
Таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» кори қаҳрамононаи Айниро дар роҳи худшиносии миллии мардуми Варорӯд нишон медиҳад ва далели зиракиву мавқеъшиносии ӯст.
Корҳои тадқиқотии ӯ дар мавриди Устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Саъдии Шерозӣ, Зайниддин Восифӣ, Алишер Навоӣ ва Мирзо Бедил нишон медиҳад, ки дар адабиётшиносии тоҷик хиштҳои аввалинро гузошта, садҳо нафарро ба ин ҷода дар овони зиндагӣ раҳнамо будааст.
Устод Айнӣ тарҷумаи ҳоли худро дар шакли «Ёддоштҳо» (солҳои 1949-1951) таълиф кард, ки он аз 4 ҷилд иборат буд, аммо то 4-5 соли аввали асри ХХ-ро фаро мегирифту халос. Яъне, умр вафо накард, то ба шакли мукаммал воқеаҳои таърихии худ дидаву шунидаро барои пасояндагон навишта ба итмом расонад.
Имрӯз баъзе аз муҳаққиқон кӯшидаанд, ки симову қиёфа ва характерҳои Устодро ба воситаи асарҳои худи ӯ тадқиқ намуда, пешкаши умум гардонанд. Вале то ҳанӯз ин кӯшишҳо ба таври бояду шояд анҷом нагирифтааст.
Яке аз донишмандони барҷастаи адабиёти ӯзбек Иброҳим Ҳаққул дар мақолае, ки зери унвони «Устод» ба нашр расондааст, аз устод Айнӣ бо эҳтиром ёд карда, мавқеъ ва нақши ӯро дар адабиёти ӯзбек алоҳида зикр карда мегузарад. Ба гуфтаи И. Ҳаққул устод Айнӣ барои аз ҷанг баргардонда, ба шоҳроҳи адабиёт сафарбар кардани намояндаи адабиёти ӯзбек Абдулло Қаҳҳор хидмати босазое кардааст. Ҳанӯз осори Айнӣ ба таври бояду шояд тадқиқ нагардидааст ва дар ин маврид саҳлангорӣ кардани зиёиён як падидаи қафомонии адабиёт шуданаш аз эҳтимол дур нест.
Садриддин Айнӣ чун Аллома Иқболу Аблуқосими Лоҳутӣ барои бедориву огоҳии мардуми Шарқ  асарҳои гаронбаҳояшро таълиф намуда, имрӯз чун ситорае дурахшон дар осмони фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ барои парокандасозии зулмати ҷаҳлу заъфи ҷомеа шуо меафканад. Банда бар он фикрам, ки устод Айниро на танҳо дар доираҳои танг, балки дар доираи васеи тамаддуни мардуми форс-тоҷик аллома намудан авлост. Зеро асарҳои гаронбаҳояш дар ҷабҳаҳои гуногун собит менамояд, ки бидуни шак, ӯ алломаи тамаддуни мо дар охири асри Х1Х ва марҳилаи аввали асри ХХ мебошад. Аввалин касе ҳам, ки ӯро аллома ном бурдааст, Саид Нафисӣ буд.